Март 13, 2024 17:45 Asia/Dushanbe
  • Камарбанди амнияти дарёӣ - 2024 -и Эрон, Чин ва Русия
    Камарбанди амнияти дарёӣ - 2024 -и Эрон, Чин ва Русия

Фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, кишварҳои душман ва неруҳои ғайримуваҷҷаҳи минтақа аз анҷоми размоиши мураккаби Камарбанди амнияти дарёӣ - 2024 нороҳатанд, чун медонанд дар оянда ҷое барои онҳо дар шимоли уқёнуси Ҳинд вуҷуд надорад.

Размоиши мураккаби Камарбанди амнияти дарёӣ - 2024 бо шиори “Бо ҳам барои барқарории сулҳу амният”, байни Неруи дарёии Эрон, Неруи дарёии Русия ва Неруи дарёии Чин ва дар минтақае ба вусъати 17 ҳазор километри мураббаъ дар шимоли уқёнуси Ҳинд, бо паёми сулҳу дӯстӣ дар ҳоли баргузорӣ аст ва то рӯзи ҷумъа идома дорад.

Ҳамчунин намояндагоне аз кишварҳои Уммон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Покистон ва Африқои Ҷанубӣ низ ҳузур доранд.

Ҳадаф аз баргузории ин размоиш, таҳкими амнияту мабонии он дар минтақа ва густариши ҳамкориҳои чандҷониба миёни кишварҳои ширкаткунанда ва нишон додани ҳусни нияту тавоноии ин кишварҳо дар ҳимояти муштарак аз сулҳи ҷаҳонӣ, амнияти дарёӣ ва эҷоди ҷомеаи дарёӣ бо ояндае муштарак аст.

Аз аҳдофи дигари ин размоиш, метавон ба тақвияти амнияти тиҷорати дарёии байналмилалӣ, муқобила бо дуздии дарёӣ ва терроризми дарёӣ, иқдомоти башардӯстона, табодули иттилоот дар ҳавзаи имдоду наҷоти дарёӣ ва табодули таҷрибиёти амалиётӣ ва тактикӣ ишора кард.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи баргузории размоиши мураккаби Камарбанди амнияти дарёӣ - 2024 Эрон, Чин ва Русия бо ишора ба ҳузури панҷ кишвари дигари нозир ( Уммон, Қазоқистон, Покистон, Африқои Ҷанубӣ ва ҷумҳурии Озарбойҷон) гуфт: Ҳадаф аз ҳузури ин кишварҳо дар ин давра, расади кайфияти размоиши муштараки Эрон, Чин ва Русия аст то бо касби огоҳиҳои лозим бидонанд дар даври баъдӣ бо чӣ таркибе аз шиноварҳо дар ин размоиш ҳузур дошта бошанд.

 

Барчасп