29 Исфанд ; Солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон
Имрӯз якшанбеи 29 Исфанд ( 19-марти 2024 ) , солрӯзи миллӣ шудани санъати нафти Эрон аст .
73 соли пеш дар чунин рӯзи нуқтаи атфе дар таърихи сиёсии Эрон рақам хурд . Миллӣ шудани санъати нафти Эрон ҳосили як хезиши торихӣ ва муборизаи сахт ва пур ичолиш буд .
Тарҳи миллӣ шудани санъати нафти Эрон 20 марти 1951 бо пешниҳоди аъзои камиссиюни нафт дар Маҷлиси Эрон ба тасвиб расид ва нафти Эрон ба таври расмӣ миллӣ шуд .
Пас аз як давраи сиёсии пуртаниш бо миллӣ шудани санъати нафти Эрон , дасти Британия аз санъати нафти Эрони қатъ ва ин мавзӯъ мунҷар ба оғози хурӯҷи тадриҷии британияиҳо аз минтақа шуд.
Миллӣ шудани санъати нафти Эрон ҳамчунин нуқтаи атфӣ дар таърихи таҳаввулоти сиёсии минтақаи Ғарби Осиё буд .
Миллӣ шудани Канали Суез дар Миср низ ба раҳбарии “ Ҷамол Абдунносир “ аз миллӣ шудани санъати нафти Эрон улгӯ гирифт .