Раҳбари муаззами инқилоб: Cоли 1403 соли "ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум" иқтисод масаълаи умдаи кишвар аст
(last modified 2024-03-20T07:02:16+00:00 )
Март 20, 2024 12:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Cоли 1403 соли
    Раҳбари муаззами инқилоб: Cоли 1403 соли "ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум" иқтисод масаълаи умдаи кишвар аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми ба муносибати оғози соли 1403 зимни табрики иди навруз ба миллати Эрон ба вижаи хонаводаҳои исоргарон ва ҳамаи миллатҳое, ки наврузро гироми медоранд, соли ҷадидро соли "ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум" номгузори карданд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоъи расонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ; Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо гиромидошти ёду номи шаҳидон ва имоми шаҳидон ва орзуи баҳраи мандии миллати Эрон аз ду баҳори табиату маънавият, нигоҳии гузаро ба шириниҳо ва талхиҳои сол 1402 доштанд ва гуфтанд: Аз ҷумлаи шириниҳо ва хабарҳои хуши соли гузашта, пешрафтҳои чашмгири илмӣ ва фанноварӣ, тавлидоти зербиноӣ, ҳузури ҳамосии мардум дар иҷтимоъоти мухталиф ба вижаи рузи Қудс ва рузи 22 баҳман, баргузарии амну солими интихоботи исфандмоҳ ва таҳарруки байналмилалии давлат дар арсаҳои гуногуни иқтисодӣ ва сиёсӣ буд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ мушкилоти иқтисодӣ ва маъишатии мардумро аз ҷумлаи хабарҳои талхи соли 1402 хонданд ва афзуданд: Ҳодисаи талхи Кирмон дар солгарди шаҳиди Сулаймонӣ, сели Систон ва Балучистон ва ҳаводисн ки барои маъмурони ҳофизи амният дар моҳҳои ахир иттифоқ афтод аз дигари ҳаводиси талхи сол гузашта буданд аммо ҳодисаи Ғаззаро бояд талхтарин ҳодиса ба шумор оварад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба шиори соли гузашта корҳои анҷом шуда дар заминаи маҳори таваррум ва рушди тавлидро хуб аммо на ба қадари матлуб арзёби карданд ва бо таъкид бар ин ки набояд таваққуъ дошт чунин мавзуи муҳимми дар муддатзамони яксол таҳаққуқи комил ёбад, гуфтанд: Дар соли ҷадид низ масаълаи умдаи кишвар ҳамчунон иқтисод аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Ҷамъбандии назароти коршиносони иқтисодӣ моро ба ин натиҷа мерасонад ки калиди ҳали мушкилоти иқтисодии кишвар аз "ҷумла таваррум", "иштиғол" ва "арзиши пули миллӣ" масаъла "тавлид" аст ва ба ҳамин далел дар чанд соли гузашта бар мавзуъи тавлиди такя шудааст.

Раҳбари инқилоб афзуданд: Бар ҳамин асос дар соли ҷадид низ такя бар масаълаи тавлид аст ва интизор дорем, ки дар мавзуи тавлид як ҷаҳиши руй диҳад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки ҷаҳиш дар тавлид бидуни ҳузури мардум дар иқтисод ва арсаи тавлиди имконпазир нест хотир нишон карданд: Бояд мавонеъи ҳузури мардум дар бахши тавлид бартараф шавад ва зарфиятҳои бузурги мардумӣ фаъол шаванд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ соли 1403ро сол "ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум" номгузори ва ибрози умедвори карданд ки бо барномаи резии муносиби барномарезони кишвар ва ҳамкории соҳибназарон ва мушорикати амалии фаъолони иқтисодӣ, заминаи таҳаққуқи ин шиор ба беҳтарини ваҷҳ фароҳам шавад.