Раиси Ҷумҳурии Эрон: Истодагии мардуми Ғазза назми ноодилонаи ҷаҳониро ба чолиш кашид
(last modified Fri, 29 Mar 2024 12:33:43 GMT )
Март 29, 2024 17:33 Asia/Dushanbe
  • Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Зиёд Нахола
    Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Зиёд Нахола

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Мардуми Ғазза на фақат мунтазири ҳимояти бархе кишварҳову давлатҳои исломии муддаӣ намонданд, балки бо муқовимати беназири худ назми ноодилонаи ҷаҳониро ба чолиш кашиданд.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, бо таҷлил аз рашодатҳои гуруҳҳои муқовимат дар Ғазза дар баробари ҷиноёти душмани саҳюнистӣ ва таъкид бар ваҳдати гуруҳҳои фаластинӣ афзуд: Имрӯз Ғазза саҳнаи ғалабаву пирӯзии истодагӣ, муқовимат ва имони мардуми Фаластин дар муқобили сафҳаи торик, зулмонӣ ва пур аз ҷиноёти бесобиқаи режими саҳюнистӣ ва Амрикост.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба тавофуқи гуфтумони гуруҳҳои муқовимату мардуми Фаластин дар исботи гузинаи истодагиву муқовимат ба унвони танҳо гузинаи муқобила бо сабуияту ҷиноятгарии режими ғосиби саҳюнистӣ, бавижа барои нухбагони сиёсии дунё ва ҳамчунин дурӯғ будани шикастнопазирии ин режим, афзуд: Мардуми Ғазза исбот карданд, ки ин режим ба ҳеҷ қонун, муоҳидаи байналмилалӣ ва усули инсонӣ дар ҳеҷ сатҳе пойбанд нест.

Раисӣ бо баёни ин ки Фаластин ба ҳамон далел, ки ҳаққи ҳаёт дорад, ҳаққи муқовимат низ дорад, таъкид кард: Ҳар кас муқовимати фаластиниро рад кунад, дар воқеъ ҳаққи ҳаёти Фаластинро рад кардааст.

Раисӣ бо ишора ба абъоди густардаи истодагиву муқовимати мардуми мазлуми Ғазза дар баробари режими ҷинояткори саҳюнистӣ гуфт: Мардуми Ғазза на танҳо мунтазири ҳимояти бархе кишварҳову давлатҳои исломии муддаӣ намонданд, балки бо муқовимати беназири худ бехосият будани ниҳодҳо, ташаккулҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии муддаии ҳуқуқи башарро ба исбот расондаву назми ноодилонаи ҷаҳониро ба чолиш кашиданд.

Зиёд Нахола, дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҳимоятҳои меҳвари муқовимат аз миллати Фаластин низ қадрдонӣ карду афзуд, ин пуштибонӣ ва ҳимояти камназири илова бар иртиқои рӯҳияву ангеза дар дили мардуми Ғаззаву муҷоҳидони фаластинӣ, ҳовии ин паёми муҳим буд, ки миллати Фаластин дар мубориза бо душмани саҳюнистӣ танҳо нест.