Афзоиши 965 мегаваттии тавони тавлиди барқи Эрон бо кумаки донишбунёнҳо
Мудири кулли дафтари фаннии тавлиди Ширкати барқи ҳароратии Эрон аз афзоиши 965 мегаваттии тавони тавлиди барқи кишвар бо кумаки донишбунёнҳо дар соли гузашта (1402 шамсӣ) хабар дод.
Исмоили Намозӣ, мудири кули дафтари фаннии тавлиди Ширкати барқи ҳароратии Эрон гуфт, соли гузашта тавони тавлиди барқи нерӯгоҳҳои ҳароратии кишвар аз тариқи иҷрои тарҳҳои иртиқои тавони воҳидҳои газӣ, сикл(давра- раванд) таркибӣ ва рафъи маҳдӯдияти нерӯгоҳҳои бухорӣ тавассути ширкатҳои донишбунён, беш аз 965 мегаватт афзоиш ёфт.
Вай афзуд, иҷрои пружаҳои хунаккории ҳавои вурӯдӣ, бозчинши пурҳҳои компрессор (HAS), иртиқои турбинҳои газӣ (T60 - T90) ва ислоҳи системаи кантроли турбинҳои газӣ мӯҷиби иртиқои 365 мегаваттии тавони амалии воҳидҳои газӣ ва сикли таркибӣ шуд.
Намозӣ ҳамчунин бо ишора ба рафъи маҳдӯдияти 600 мегаваттии тавлиди барқи нерӯгоҳҳои бухорӣ, гуфт, аз ибтидои давлати сездаҳум токунӯн дар маҷмӯ беш аз ду ҳазор мегаватти прожеи афзоиши тавон амалӣу номии нерӯгоҳҳои газӣу рафъи маҳдӯдияти нерӯгоҳҳои бухории иҷроӣ шудааст .
Мудири кулли дафтари фаннии тавлиди Ширкати барқи ҳароратии Эрон тасреҳ кард, баҳрабардорӣ аз воҳидҳои нерӯгоҳии ҷадид, иртиқои тавони амалӣ ва рафъи маҳдияти нерӯгоҳҳои мавҷӯд, иҷроӣ ба мавқеи барномаи таъмироту омодасозии воҳидҳои тавлиди барқи ҳароратӣ ва ғайра мӯҷиб шудааст то рӯзҳои авҷи масраф хусӯсан тобистонҳо мудирият шаваду қатъии барқ ба ҳаддиақал коҳиш ёбад.