Апрел 01, 2024 15:32 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Мардуми Эрон дар Рӯзи Қудс аз мазлӯмони Фаластин ҳимоят мекунанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, мардуми Эрон ҳар сол дар ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазон дар хиёбонҳо ҳимоят аз мазлӯмони Фаластину озодии Қудси шарифро фарёд мезананд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Пас аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс, миллати мусулмон ба масаълаи Фаластин ба унвони як зарурат дар ҳимоят аз миллатҳои мазлӯм ва мавриди ситам нигоҳ мекунанд.

Дар ҳамин росто, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди имрӯз (душанбе) дар маросими эҳёи шаби 21-уми моҳи мубораки Рамазон ва шаби шаҳодати ҳазрати имом Алӣ (а) дар ҷамъи зоирони ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.)  гуфт : Имрӯз мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифо аз мардуми мазлӯми Фаластин, амал ба суфоришу васияти ҳазрати Алӣ (а)аст, ки бо таъкиди имом Хумайнӣ (раҳ.) дар низоми исломӣ, тасбит шуду ҷузви усӯли қонӯни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, қарор гирифт ва мардуми мо ҳар сол дар ҷумъаи охири моҳи мубораки Рамазон дар хиёбонҳо ҳимоят аз мазлӯмин Фаластину озодии Қудси шарифро фарёд мезананд.

Раисӣ афзуд, агар давлатҳои исломӣ ба ҷои эътимод ба Амрико ва мустакбирин олам, ба оёти ҳаёти бахши Қуръони Карим эътимод доштанд, мардуми мазлӯми Ғазза ба ин вазъ дучор намешуданд.

 

Барчасп