Апрел 03, 2024 21:46 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ-ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ
    Раҳбари инқилоби исломӣ-ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ

Раҳбари муаззами инқилоби Эрон бо баёни инки шикасти режими саҳюнистӣ дар Ғазза идома пайдо хоҳад кард ва ин режим ба заволу инҳилол наздик хоҳад шуд, изҳор доштанд: Талошҳои мазбуҳонае ҳамчун иқдоме, ки дар Сурия муртакиб шуданд, онҳоро аз шикаст наҷот нахоҳад дод. Албатта, силии ин иқдомро ҳам хоҳанд хӯрд.

Дар бистусеюмин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, сарони қуво, масъулону коргузорони низом, ҷамъе аз мудирони аршади дастгоҳҳои мухталиф, намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ, масъулони собиқу фаъолони иҷтимоиву фарҳангӣ асри имрӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ), бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломии Эрон дидор карданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори рамазонӣ бо коргузорони низом изҳор доштанд: Кору талоши хеле хубу мутароким дар ҳоли анҷом аст, аммо ниёзҳо ба кор беш аз инҳост.

Эшон бо баёни инки воқеиятҳои иқтисод дар кишвар яксон нест, ҳам воқеиятҳои талх вуҷуд дорад ва ҳам воқеиятҳои ширин, гуфтанд: Воқеиятҳои талхи иқтисод, гаронӣ, бесуботии бозор таназзули арзиши пули миллӣ аст.

Раҳбари инқилоб дар ин дидор таъкид карданд: Интизори баҷои мардум ин аст, ки тасмимоту иқдомоти иқтисодии масъулон дар зиндагии онҳо асари маҳсус ва малмус дошта бошад, бояд ин интизор бароварда шавад.

Раҳбари инқилоб таъкид карданд: Бахши ширини иқтисод, фаъолиятҳои васеи зерсохтӣ аст, ки натоиҷи он дар миёнамуддат ва на чандон дарозмуддат зоҳир хоҳад шуд.

Раҳбари инқилоби Эрон дар бахши дигаре аз фармоишоти худ дар ҷамъи коргузорони низом таъкид карданд: Шикасти режими саҳюнистӣ дар Ғазза идома пайдо хоҳад кард ва ин режим ба заволу инҳилол наздик хоҳад шуд. Талошҳои мазбуҳона ҳамчун иқдоме, ки дар Сурия муртакиб шуданд, онҳоро аз шикаст наҷот нахоҳад дод. Албатта, силии ин иқдомро ҳам хоҳанд хӯрд.

 

Барчасп