Раисиҷумҳури Эрон: Ҷаҳониён назорагари нобудии режими саҳюнистӣ хоҳанд буд
(last modified Sat, 06 Apr 2024 05:42:30 GMT )
Апрел 06, 2024 10:42 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Эрон: Ҷаҳониён назорагари нобудии режими саҳюнистӣ хоҳанд буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме зимни қадрдонӣ аз миллати ҳӯшёр ва қадршиноси Эрон ба хотири ширкати густарда дар роҳпаймои Рӯзи ҷаҳонии Қудс гуфт: Ҷаҳониён назорагари нобудии режими саҳюнистӣ хоҳанд буд.

Дирӯз ҷумъа 5 апрели 2024 (17 фарвардини 1403) мусодиф бо 25 Рамазони 1445 Рӯзи ҷаҳонии Қудс буд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Пас аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвонии Рӯзи ҷаҳонии Қудс, миллати мусулмон ба масаълаи Фаластин ба унвони як зарурат дар ҳимоят аз миллатҳои мазлӯму мавриди ситам нигоҳ мекунанд.

Маросими роҳпаймои Рӯзии ҷаҳонии Қудси рӯзи ҷумъа дар беш аз 2 ҳазор шаҳру рӯстои Эрон бо ҳузури бо салобати эрониён баргузор шуд.

Дар ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи ҷумъа дар паёме аз ҳузури босалобати миллати ҳӯшёру қадршиноси Эрон, қадрдонӣ ва ин ҳузури ҳамосиро паёме расо барои истикбори ҷаҳонӣ донист, ки зулму ғасб, таҷовузу одамкушӣ ҳамвора маҳкӯм ба шикаст аст.

Раисӣ афзуд, имрӯз ба баракати ғайрату шуҷоати фаластиниён бар ҳамагон равшан шуда, кохи пӯшолии саҳюнизм, сусттар аз хонаи анкабут аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, мусалламан ин ҳаракати ҷаҳонӣ ва умумӣ ба натиҷа хоҳад расид ва ҷаҳониён назорагари таҳаққуқи ваъдаи содиқи илоҳӣ ва нобудии режими саҳюнистӣ хоҳанд буд.