Вазири умури хориҷа: Эрон барои густариши равобит бо Италя маҳдудияти надорад
(last modified Sun, 07 Apr 2024 07:15:30 GMT )
Апрел 07, 2024 12:15 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷа: Эрон барои густариши равобит бо Италя маҳдудияти надорад
    Вазири умури хориҷа: Эрон барои густариши равобит бо Италя маҳдудияти надорад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши равобит бо Италяи ҳеҷ маҳдудияти надорад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон рузи шанбе дар дидори Поуло Омодӣ сафири ҷадиди Италя дар Теҳрон бо ишора ба савобиқи хуб ва ру ба рушди равобити ду кишвари иброз умедвори кард равобити ду кишвар дар давраи ҷадид дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, илмӣ ва фанноварӣ ва фарҳангӣ беш аз пеш густариш ёбад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин таъкид кард руйкарди давлати Эрон тавсеа ва густариш бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла аврупо аст.

Сафири ҷадиди Италя дар Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба мавзеи Иттиҳодияи Аврупо бар асоси Конвенсияҳои байналмилалӣ дар маҳкумияти ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ бар мавзеи Рум дар мухолифат бо рушди таниш ва ҷанг дар минтақа ва таъомул аз тариқи гуфтугуи сариҳ ва низ нақши Ҷумҳурии Исломии Эрони ба унвони яке аз кунишгарони асли барои тазмини сабот ва амният дар минтақа таъкид кард.