Апрел 10, 2024 13:04 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Эрон иди саиди Фитрро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфт

Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳури Эрон дар паёме бо табрики фаро расидани иди Фитр ба сарон ва мардуми кишварҳои исломӣ, таъкид кард: Кишварҳои исломӣ вазифаи инсонӣ ва шаръӣ доранд, то бо иқдомоти фаврӣ идома ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғаззаро мутаваққиф кунанд.

Имрӯз чаҳоршанбе (22 фарвардини 1403) рӯзи аввали шаволулмукаррами 1445 ва иди саиди Фитр дар Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ аст.

 Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, Сайид Иброҳими Раисӣ дирӯз сешанбе дар паёме ба сарон ва мардуми кишварҳои исломӣ зимни табрики фаро расидани иди саиди Фитр, ин идро таҷаллии тоат ва бандагӣ ва таолии рӯҳи инсонӣ, ҳангомаи подоши рӯзадорон ва бандагони солеҳ донист, ки ба воситаи муноҷот ва ибодот дар моҳи мубораки Рамазон ва бо тазкия ва таҳзиби нафс, лавҳи вуҷуди худро аз олудагиҳо пок гардонида ва дар ҷиҳати камол ва қурби Илоҳӣ гом бардоштаанд.

 Сайид Иброҳим Раисӣ дар ин паёми табрик бо талаби кушоиш ва пирӯзӣ дар ин рӯзи пурбаракат барои ҳама мусулмонони ҷаҳон бавижа мардуми мазлуми Ғазза ва Фаластин, тасреҳ кард: Имрӯз ҳимоят аз муқовимати Фаластин ба вежа бародарон ва хоҳароне, ки дар ин соъот ва лаҳзот дар хатти муқаддами муқобила бо ишғолгарӣ ва ҷиноят дар Ғазза қарор доранд, на фақат як масъулияти шаръӣ барои мусулмонон, ки як вазифаи инсонӣ, ахлоқӣ ва виҷдонӣ барои башарият аст.

 

Барчасп