Ҳамалоти Эрон зидди Исроил ҳақи зотии дифои машруъ тибқи маншури милал муттаҳид аст
(last modified 2024-04-14T05:08:45+00:00 )
Апрел 14, 2024 10:08 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Вазорати хориҷа: ҳамалоти Эрони зидди Исроил ҳақи зотии дифои машруъ тибқи маншури милал муттаҳид аст
    Баёнияи Вазорати хориҷа: ҳамалоти Эрони зидди Исроил ҳақи зотии дифои машруъ тибқи маншури милал муттаҳид аст

Вазорати умурхориҷаи Эрон дар бораи посух ба иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ зидди бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ эълом кард ин посухи эъмоли ҳақи зотии дифои машруъ тибқи маншури милал муттаҳид аст.

10 рузи пас аз ҳамла ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ба унвони бахше аз хоки Эрон ва ба шаҳодат расидани ҳафт нафар аз мусташорони қонунии кишвар ва вокуниш нишон надодани сариҳи ҷомеъаи байналмилалӣ ба ин иқдоми ғайриқонӯнӣ бомдоди якшанбе 14 апрел Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо шиллеки паҳподу мушак ба суи сарзаминҳои ишғолӣ , иқдом ба танбеҳи ин режим мутаҷовиз кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси посух ба иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ зиди бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ бо судури баёнияи таъкид кард, неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар эъмоли ҳақи зотии дифои машруъи мусарраҳ дар модаи 51 маншури милали муттаҳид ва дар посух ба таҷовузҳои низомии мукаррари режими саҳюнистӣ ва ба шаҳодати расондани мусташорони расмии низомии Эрон ки ба даъвати давлати Сурия дар ин кишвари машғули фаъолият буданд ва ба вижаи ҳамлаи низомии муаррихи аввали аврел ба амокини диплумотики Эрон дар Димишқ , маҷмуъае аз ҳамалоти низоми зиди пойгоҳҳои низомии ин режимро иҷро кард .

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкиди муҷаддад бар пойбандии худ нисбат ба усул ва аҳдофи маншури милали муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилал , бар азми хеш барои дифои қотеъ аз ҳокимият, тамомияти сарзаминӣ ва манофеи миллии худ дар баробари ҳаргунаи истифодаи ғайриқонуни аз зур ва таҷовуз эълом кард .

Тавассули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти дифои дар эъмоли ҳақи дифои машрӯъ , нишондиҳанда руйкарди масъулонаи Эрони нисбат ба сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ дар замоне аст ки иқдомоти ғайриқонунӣ ва наслкушии тавассути режими опортойди ишғолгари саҳюнистӣ зиди миллати Фаластин ва таҷовузҳои низомии мукаррари ин режими зиди давлатҳои ҳамсоя ва оташафрузи дар минтақа ва фаротар аз он идома дорад .

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сурати лузум дар иттихози иқдомоти дифои бештар дар ҷиҳати сиёнат аз манофеи машруъи худ дар баробари ҳаргунаи иқдомоти мутаҷовизонаи низоми ва истифодаи ғайриқонунӣ аз зур , тардиди ба худ роҳ нахоҳад дод.

Барчасп