Ҳароси Ғарб аз баҳраи кишварҳои мустақили ҷаҳон аз қудрати дарёии Эрон
Яке аз нукоте, ки дар моҳҳои гузашта ва дар авҷи ташдиди танишҳои минтақаи беш аз ҳама ошкор шуда, гузораи табдил шудани Эрон ба як қудрати бузурги дарё(баҳр)ӣ дар ҷаҳон аст. Амре, ки матлуби кишварҳои султаҷуи ғарбӣ нест ва бархилофи онҳо кишварҳои мустақили осиёиӣ, африқоӣ ва Амрикои лотин аз он суд хоҳанд бурд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, минтақаи ғарби Осиё дар моҳҳои гузашта рӯзҳои пуртаниш ва ошуфтаеро сипарӣ кардааст. Дар ин росто пас аз иҷрои муваффақиятомези амалиёти Туфон-ал-Ақсо тавассути ҷунбиши Ҳамос, шоҳиди оғози як ҷанги бузург ва вайронгар аз сӯи режими ишғолгари Қудс алайҳи борикаи Ғазза будем. Ҷанге, ки беш аз 6 моҳ аз оғози он мегузард ва то кунун мӯҷиби шаҳодат, маҷрӯҳ ва нопадид шудани беш аз 100 ҳазор фаластинӣ шудааст.
Дар қолаби ин ҷанг бозигарони мухталифи ҳозир дар ҷабҳаи муқовамат дар сатҳи минтақа, ба шеваи ҳамоҳанг иқдом ба анҷоми амалиётҳои фарсоишӣ ва идомадори алайҳи ишғолгарони исроилӣ карда ва саъй доштаанд то ҷойи мумкин бори фишор ва ҳамалоти Исроил алайҳи борикаи Ғаззаро кам кунанд. Бо ин ҳол дар рӯзҳои гузашта шоҳиди ташдиди танишҳо миёни Эрон ва режими ишғолгари Исроил низ будаем. Саҳюнистҳо ибтидо дар қолаби як ҳамлаи террористӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ, мӯҷиби ба шаҳодат расидани шуморе аз фармондеҳон ва мушовирони низомии Эрон, ки ба даъвати Сурия ба ин кишвар сафар карда буданд, шуданд.
Дар посух ба ин иқдом, Эрон низ ошкоро эълом кард, ки амалиёти танбеҳиро алайҳи Исроил анҷом хоҳад дод. Амалиёте, ки Эрон дар рӯзҳои гузашта онро бо номи «ваъдаи содиқ» анҷом ва дар қолаби он, даҳҳо мушак ва паҳпод аз сӯи Эрон ба самти сарзаминҳои ишғолӣ равона шуданд.
Бисёре аз таҳлилгарон ин амалиётро бузургтарин амалиёти паҳподии ҷаҳон номидаанд. Амалиёте, ки ҳомили осебҳо ва хисороти роҳбурдӣ ба режими ишғолгари исроилӣ будааст. Бо ин ҳама, яке аз нукоте, ки дар моҳҳои гузашта ва дар авҷи ташдиди танишҳои минтақаӣ беш аз ҳама ошкор шуда, гузораи табдил шудани Эрон ба як қудрати бузурги дарёӣ дар ҷаҳон аст.
Мавзӯе, ки барои Амрико ва режими саҳюнистӣ ва ду се кишвари бособиқаи истеъморӣ, нигарониҳои ҷиддиро эҷод кардааст. Дар ин росто бисёре аз таҳлилгарон ба ин нукта ишора мекунанд, ки Эрон дар солҳои гузашта тавониста контроли қобили таваҷҷуҳеро бар тангаи роҳбурдии Ҳурмуз дошта бошад. Тангае, ки аз ҳайс ҳамлу нақли энергӣ, яке аз муҳимтарин оброҳаҳо ва тангаҳои ҷаҳон аст ва беш аз 60 дарсад аз захираҳои энергии ҷаҳон аз ин танга мегузарад.
Бо ин ҳол дар авҷи таҳаввулоти моҳҳои ахир дар минтақа, муттаҳиди наздики Эрон яъне Ансоруллоҳи Яман низ қобилиятҳои қобили таваҷҷуҳеро дар ба контрол гирифтани муодилоти амниятии тангаи Бобулмандаб аз худ нишон додааст.
Тангае, ки он ҳам тангаи роҳбурдӣ ба вежа барои ишғолгарони исроилӣ ва қудратҳои Аврупои ғарбӣ аст ва бар асоси оморҳои расмӣ, беш аз 12 дарсад аз тиҷорати контейнерии ҷаҳон аз тариқи он анҷом мешавад.
Ҳол тавоноии Эрон ва муттаҳидони он бар назорати ин тангаҳои роҳбурдӣ ин нигарониро дар ҷабҳаи султаҷуи ғарбӣ бо меҳварияти Амрико эҷод карда, ки Теҳрон амалан дар ҳоли касби кортҳои барандаи муассир ва қобили таваҷҷуҳе дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аст, ки ин кортҳо метавонанд ҳомили хисороти ҷиддӣ барои ҷараёнҳои султахоҳи ғарбӣ бошанд ва аз он су имтиёзе барои кишварҳои ғайриистеъморӣ ва кишварҳои ҷануби ҷаҳон ҳамчун кишварҳои осиёиӣ, африқоӣ ва Америкои лотин бошад.