Таҳлил : Таҳрими ҳавзаи дифоии Эрон ҳадяи тозаи Ғарб ба Исроил
(last modified Tue, 23 Apr 2024 10:37:05 GMT )
Апрел 23, 2024 15:37 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Таҳрими ҳавзаи дифоии Эрон ҳадяи тозаи Ғарб ба Исроил
    Таҳлил : Таҳрими ҳавзаи дифоии Эрон ҳадяи тозаи Ғарб ба Исроил

Иттиҳодияи Аврупо барои хушнӯдии режими наслкуши саҳюнистӣ , эълом кард, ки таҳримҳои ҳавзаи дифоии Эронро густариш медиҳад .

Чанд рӯзи пас аз иқдоми танбеҳӣ бе собиқаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ ба аҳдофи Ннмӣ дар манотиқи ишғолшудаи Фаластин ки дар посух ба ҳамлаи ҷинояткоронаи саҳюнистҳо ба консулгарии Эрон дар Сурия анҷом шуд , Иттиҳодияи Аврупо эълом кард ки доманаи таҳримҳои худ зидди ҳавзаи дифои Эронро густариш медиҳад.  Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе бо таъйиди тасмими ин Иттиҳодия барои густариши таҳримҳои мушакӣ ва паҳподии зидди Эрон , бар норизоятии Аврупо аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии ахири Эрон ба Исроил таъкид кард . “ Борелл “ ҳадаф аз ин таҳримҳоро ҷилавгирӣ аз пешрафти саноеъи мушакӣ ва паҳподии кишварҳои монанди Эрон ва Русия донист .

Давлатҳои Амрико ва Англис ҳам чанд рӯзи пеш ба баҳонаҳои воҳии алайҳи Эрон , ба тартиби 16 ва 13 фард ва ниҳоди Эрониро мавриди таҳрим қарор дода буданд . Ҳафтаи гузашта мушовири амнияти миллии Амрико бо ишора ба талоши Вашингтон барои аъмоли таҳримҳои ҷадиди зидди саноеъи мушакӣ ва паҳподӣ Эрон гуфта буд ки Вашингтон интизор дорад то муттаҳидонаш низ аз ин иқдоми Амрико , пайравӣ кунанд . Ба ин тартиб ҳамонгуна ки интизор мерафт , Иттиҳодияи Аврупо андаки пас аз дархости Амрико , эълом кард ки саноеъи дифоӣ ба вижа бахши мушакӣ ва паҳподии Эронро ҳадафи таҳримҳои худ қарор хоҳад дод . Дар воқеъ Иттиҳодияи Аврупои баҷои талош барои таваққуфи ҷиноёт ва иқдомоти таҳрикомези Исроил дар Ғазза ва минтақа , бо таҳрими бахши дифоии Эрон , бар ҳимояти тамомқади худ аз ин режими ҷиноятпеша ва наслкуш таъкид кардааст . Иқдоме, ки бо истиқбол  вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ рӯбарӯ шуд . Иқдоми тозаи Ғарб дар таҳрими бахши дифоии Эрон пас аз он сӯрат мегирад ки Сипоҳи посдорон бомдоди якшанбеи 26 фарвардин , бо шиллеки даҳҳо фарванди мӯшаки  ва паҳпод , зерсохтҳои амниятӣ ва низомии режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод . Ин амалиёт бо унвон “ Ваъдаи содиқ “ дар чорчӯби асли дифоии машрӯъи мутобиқи модаи 51 маншури Милали мМтаҳид , посухӣ ба ҳамлаи ҳавои 13 фарвардини режими Исроил ба сохтимони консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ буд ки бар асари он 7 нафар аз фармондеҳону ва мусташорони низомии Эрон дар Сурия ба шаҳодати расиданд .

Талоши Амрико ва Аврупо барои таҳрими саноеъи мушакӣ ва паҳподии Эрон дар ин бурҳа дар ҳолӣ сӯрат мегирад ки асосан “ Ҷумҳурии Исломӣ барои иртиқои тавон дифоии худ дар ҳамаи бахшҳо ба вижа мушакӣ ва паҳподӣ ки дорои моҳият дифоӣ бӯда ва дар ростои докторини боздорандагии Эрон эҷод шуда ба мутахассисони дохилии худ муттакӣ аст ва иқдомоти таҳримии Ғарб ҳамонгуна ки пеш аз ин собит шуда наметавонад монеъи пешрафти тавони дифоии он шавад. Бинобарин Ҷумҳурии Исломии Эрон низ монанди ҳар кишвари дигарӣ , бар асоси ҳуқуқи байналмилали муҳиқ ба интихоби абзори дифоии худ аст . Тақвияти қобилиятҳои мушакӣ ва паҳподии Эрон низ дар ростои рафъи ниёзмандиҳои дифоии машрӯъ ва заминасозӣ барои иҷроии « дифо аз худ » мутобиқ бо модаи 51 маншури Милали Муттаҳид аст . Дар ин росто , нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби маъмуриятҳои зотии худ , мусаммам ба пайгирии тақвияти қобилиятҳои таслеҳотӣ ҳастанд ва пешрафтҳои рӯзафзӯни Эрон дар арсаи сохту тавлиди анвоъи мӯшакҳои болистик ва Круз ва ҳамчунин паҳподҳои омӯзишӣ , шиносоӣ ва таҳоҷумӣ , натиҷаи ҳамин талошҳост, ки шикасти падофандии душманро рақам задааст .