Апрел 25, 2024 12:20 Asia/Dushanbe
  • Имзои ёддошти тафоҳуми амниятии Эрон ва Русия
    Имзои ёддошти тафоҳуми амниятии Эрон ва Русия

Дабирони шурои олии амнияти миллии Эрон ва Русия дар ҳошияи давоздаҳумини иҷлоси байналмилалии намояндагони олии кишварҳо дар умури амниятӣ, ёддошти тафоҳуми амниятӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА дар идомаи дипломасии фаъоли амниятӣ ва ҳамкориҳои амниятии минтақаӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон, ёддошти тафоҳуми амниятии Эрон ва Русияи рузи чаҳоршанбе ба имзои Алиакбари Аҳмадён ва Николай Патрушев дабирони шурои олии амнияти миллии дукишвар расид .

Бар асоси ин ёддошти тафоҳум, сатҳи муносибот ва ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар ҳавзаҳои мухталифи роҳбурди афзоиш хоҳад ёфт .

Дабири шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи ройзаниҳои худ дар ҳошияи давоздаҳумини иҷлоси байналмилалии намояндагони олии кишварҳо дар умури амниятӣ дар Русия бо мақомоти олии ширкаткунанда аз Чин, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ ба сурати ҷудогонаи дидор ва гуфтугу кард .

Давоздаҳумини иҷлоси байналмилалии намояндагони олии кишварҳо дар умури амниятӣ бо ҳузур Алиакбари Аҳмадён намояндаи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва дабири шурои олии амнияти миллии Эрон ва дабирони шӯрои амният, мушовирони амнияти миллӣ, муовинони нахусти вазир, раисони сервисҳои амниятӣ ва иттилоотии 106 кишвари ҷаҳон дар Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Барчасп