Таъкиди Эрон бар поксозии терроризм аз ҷуғрофиёи Созмони Шанхай
(last modified Fri, 26 Apr 2024 16:55:34 GMT )
Апрел 26, 2024 21:55 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Созмони Ҳамкории Шанхай
    Эрон ва Созмони Ҳамкории Шанхай

Вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Поксозии терроризм аз даруни ҷуғрофиёи Созмони Ҳамкории Шанхай ба унвони як авлавият ҷиҳати ҳифзу тавсеаи бештари эътимод, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мутақобил байни кишварҳои узв як аслу илзоми роҳбурдӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, амири сартип Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон имрӯз (ҷумъа) дар бистуякумин иҷлоси вазирони дифои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остонаи Қазоқистон, бо ишора ба ҳаводиси террористии чанд моҳи гузашта дар ҷуғрофиёи амниятии Созмони Ҳамкории Шанхай ва маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғаззаву интиқод аз инфиъоли маҷомеъ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин хусус гуфт: Режими саҳюнистӣ ахиран бо ҳадафи ташдиду тавсеаи ҷанг дар минтақа ва инҳирофи афкори умумӣ аз ҷиноёту наслкушии худ дар Ғазза, бахши консулии Сафорати Эрон дар Сурияро ҳадаф қарор дод, ки албатта танбеҳ шуд.

Амири сартип Оштиёнӣ афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳар гуна ҷасорати тааддӣ ва муҳосибаи ғалат тавассути душманонро бо посухи муқтазӣ ва пушаймонкунанда рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар идома бо баёни ин ки ҳаводису таҷрибиёти имрӯзи ҷаҳон натиҷаи рӯйкардҳову сиёсатҳои султаталабонаву тамомиятхоҳонаи Ғарбу НАТО аст, терроризмро муъзали асосии ҷаҳон донисту афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон қурбонии тафаккуроти такфирии террористии мавриди ҳимояти Ғарбу Нато аст.