Апрел 27, 2024 17:14 Asia/Dushanbe

Шашумин намоишгоҳи байналмилалии тавонмандиҳои содиротии Ҷумҳурии исломии Эрон ( Эрон Экспо 2024 ) субҳи имрӯз ( шанбе ) оғоз шуд .

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс ; Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Ҷумҳурии Исломӣ ( Экспо 2024 ) аз шанбе то чаҳоршанбе ( 27 апрел то якуми май ) бо ҳузури ду ҳазор тоҷиру бозаргон аз 119 кишвари ҷаҳон ба ҳамроҳи 800 ширкати бартари содиротии дохилӣ дар маҳали намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон мизбони алоқамандон хоҳад буд .

Дар ин намоишгоҳи панҷ рӯза , маҳсӯлот ва дастовардҳо дар ҳавзаҳои мухталифи санъатӣ ва кишоварзӣ дар ҳафт гурӯҳи колои аз ҷумлаи саноеъи ғизоӣ , кишоварзӣ ва шилот , санъат , фаршу саноеъи дастӣу вагардишгарӣ , дорӯ , таҷҳизоти пизишкӣ , озмоишгоҳӣ , маҳсӯлоти шимиёӣ , ороишӣ ва беҳдоштӣ , санъати сохтумон ва хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ ва петрошимӣ , арза мешавад .

Эҷоди бистари муносиб барои сармоягузории воҳидҳои санъатии Эрон дар кишварҳои мақсад ва ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ , аз аҳдофи баргузарии Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон ( Эрон Экспо2024 ) буда ки рӯй он тамаркузи вижае шудааст. 

Барчасп