Январ 07, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • Номаи Зариф ба дабири кулли Созмони Милал дар бораи мусулмонони руҳингиён

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар номае ба Антониу Гутерреш-дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба вазъияти асафбори мусулмонони роҳингиён дар Миянмарро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф,  дар ин нома бо ибрози нигаронии шадид дар бораи вахомати фазояндаи авзои мусулмонони роҳинён дар Миёнмар тасреҳ кард, бояд зарурати таваққуфи сареи нақзи ҳуқуқи ин мусулмонон ва дастрасии фаврии онҳо ба кумакҳои башардӯстона, ба давлати Миёнмар эълом шавад.

Дар номаи Зариф ба Гутерреш омадааст, мусулмонон руҳингиён илова бар ин ки аз муҳиммтарин ҳуқуқи аввалияи худ, яъне тааллуқ ба сарзамин ва давлате, ки аз онҳо ҳимоят кунад, маҳрум шудаанд, рӯзона дар маърази куштор ва рафторҳои хашин қарор гирифта ва бисёре аз онҳо овораи дигар кишварҳо шудаанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин нома таъкид кардааст, вазъияти мусулмонони руҳингиён, ки дар таноқуз бо мафоди Маншури Милали муттаҳид ва асноди бунёдини ҳуқуқи башар буда, нигаронии амиқеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва низ мусулмонони ҷаҳон падид овардааст.

Зариф дар ин нома овардааст, бидуни шак паёмадҳои нақзи густурдаи ҳуқуқи асосии мусулмонони руҳингиён метавонад паёмадҳо ва осори номатлубе бар сулҳу субот дар он кишвар ва низ кишварҳои ҳамсоя ва минтақа эҷод кунад.

Вазири хориҷаи Эрон унвон кард, интизори ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлати Миёнмар он аст, ки контроли комили умурро дар Роҳингиён дар даст бигирад ва иҷоза надиҳд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ва хашин чеҳраи сулҳҷуёнаи оийн буддоиро хадшадор кунанд.

Буддоиёни ифротӣ аз соли 2012 сиёсати замини сӯхтаро барои мусулмонони руҳингиён дар устони Рохин, пайгирӣ ва талош мекунанд бо озору азият ва куштор, мусулмонони руҳингиёнро аз хона ва кошонаи худ овора кунанд ва заминҳо ва амволи ононро ғорат ва тасоҳуб кунанд.

 

Барчасп