Май 01, 2024 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ифшои шикасти сомонаҳои падофанди Амрико дар муқобили мушакҳои баллистикии Эрон

Як расонаи режими саҳюнистӣ фош кард, ки сомонаҳои падофандӣ ва дифоъи мушакии артиши Амрико натавонистаанд амалкарди хубе дар раҳгирии мушакҳои баллистикии Эрон дошта бошанд.

 Радиои артиши режими саҳюнистӣ рӯзи чаҳоршанбе барои аввалин бор фош кард, ки сомонаҳои падофандӣ ва дифоъа мушакии артиши Амрико то ҳадд зиёде дар раҳгирии мушакҳои баллистики Эрон дар ҷараёни посухи танбеҳӣ ба ҳамлаи Тел-Авив алайҳи консулгарии Эрон дар Димишқ ноком монданд ва шикаст хӯрданд.

 Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи шанбе 13 апрел бо оғози амалиёти «Ваъдаи содиқ» ва шиллики беш аз сад мушак круз ва баллистик ва партоби беш аз 200 паҳподи интиҳории Шоҳид 136, посухи танбеҳӣ ба таҷовузот ва террорҳои шарурона ва иқдомоти террористии ахири режими ишғолгари Қудс доданд.

 

 

 

Барчасп