Май 02, 2024 17:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар лузуми пазириши Фаластин ба унвони узви комили Созмони Милал

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бар пазириши Фаластин ба унвони узви комили Созмони Милал таъкид кард.

18 апрели гузашта дар ҳоле, ки 12 узви Шӯрои Амният аз ҷумла Русия ва Чин ба қатъномаи пазириши узвияти комили Фаластин дар Созмони Милал раъйи мусбат доданд, Амрико ин қатъномаро вето кард.

 Кишвари мустақили Фаластин то ба ҳол аз сӯи 140 кишвар аз 193 узви СММ ба расмият шинохта шудааст ва сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои доими Фаластин дар 95 кишвари ҷаҳон вуҷуд дорад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Саид Ереванӣ-намояндаи доими Эрон дар СММ дар нишасти Маҷмаъи умумии СММ,ки ба манзури баҳс перомуни ветои Амрико бар дархости узвияти комили Фаластин дар ин созмон баргузор шуд, зимни ҳимояти Эрон аз узвияти комили Фаластин гуфт:Ветои шармовари Амрико, ки бархилофи иродаи ҷамъии ҷомеаи байналамилалӣ сурат гирифт, бори дигар нишон дод, ки Амрико ҳамчунон танҳо монеъ дар таҳаққуқи ормони шарифи мардуми Фаластин аст.

 Ереванӣ бо интиқод аз тавҷеҳи риёкоронаи ҳайати Амрико дар СММ ва ирҷоъи Амрико ба зарурати такмили равандҳои музокироти мавсум ба сулҳ тасреҳ кард, возеҳ аст, ки дар амал ҳеҷ талоше аз сӯи Амрико барои водор кардани режими апартайди саҳюнистӣ ба қабули хостаҳои ҷаҳонӣ ва кӯчактарин бахше аз ҳуқуқи фаластиниён вуҷуд надорад.

 Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал ҳамчунин бо ташреҳи ҷиноёти режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун ва бо ибрози нигаронӣ аз ахбори марбут ба ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ, аз ҷомеаи байналмилалӣ хост то ҳамаи иқдомоти лозимро барои муҳокима ва посухгӯии тамоми фармондеҳон, омилон ва ҳомиёни ҷиноёти Исроил дар борикаи Ғазза ва дигар сарзаминҳои Фаластини ишғолӣ анҷом диҳанд.

 Ереванӣ тасреҳ кард, аз назари Эрон роҳи ҳали ҳамаҷонибаи масъалаи Фаластин фақат аз тариқи таъмини комили ҳаққи мусаллами ин миллат дар таъйини сарнавишт ва эҷоди як кишвари мустақили фаластинӣ дар тамоми сарзаминҳои Фаластин бо пойтахтии Қудси шариф имконпазир аст.

 Ямайка навтарин кишваре аст, ки дар 24 апрел кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохт.

 

Барчасп