Истиқболи Эрон аз идомаи гуфтугӯ бо Иттиҳодияи Аврупо
(last modified Thu, 02 May 2024 12:38:00 GMT )
Май 02, 2024 17:38 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Эрон аз идомаи гуфтугӯ бо Иттиҳодияи Аврупо

Вазири умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз тадовуми гуфтугӯ байни Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон дар ростои пешбурди ҳамкориҳои муштарак гуфт, ҳамкории Ожонс ва Эрон дар масири хубе қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо Ҷозеф Боррел-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз идомаи гуфтугӯ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон дар ростои пешбурди ҳамкориҳои байниякдигарӣ истиқбол кард.

 Амирабдуллоҳиён дар посух ба Боррел бо ёдоварии талошҳои суратгирифта ва гомҳои мусбати Эрон дар дипломосии лағви таҳримҳо, ба зиёдахоҳии бархе тарафҳои муқобил дар музокирот ишора кард ва афзуд, ҳамкории Ожонси байналмилалии энергии атомӣ ва Эрон дар масири хуб қарор дорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба нақши созандаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар кумак ба амнияти пойдор дар минтақа ва мубориза бо терроризм, таваҷҷуҳи Иттиҳодияи Аврупо дар эҳтиром ба неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчуби ҳуқуқи байналмилалро хостор шуд ва иқдоми танбеҳи Эрон ба ҳамлаи режими Исроил ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро дар чорчуби дифоъи машрӯъ хонд.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ бо таъкид бар ин, ки Иттиҳодияи Аврупо хоҳони таниш бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нест, аз иқдомоти созанда ва гомҳои мусбат, ҳамзамон бо идомаи ройзаниҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо истиқбол кард.