Медали тиллои боксёри сангинвазни Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё
(last modified Tue, 07 May 2024 07:26:19 GMT )
Май 07, 2024 12:26 Asia/Dushanbe
  • Медали тиллои боксёри сангинвазни Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё

Боксёри сангинвазни Эрон ба медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё дар Қазоқистон даст ёфт.

 Ба гузориши ИРНА, дидорҳои ниҳоии вазнҳои мухталифи радаи синнии ҷавонони мусобиқоти бокси қаҳрамонии Осиё рӯзи душанбе дар Қазоқистон баргузор шуд ва дар вазни 92+ килограмм, Амири Исмоилӣ-боксёри шоистаи Эрон, ки бо нокаути Ротҳил аз Ҳинд ба финал расида буд, дар дидори ниҳоӣ Шаҳзод Полвонов аз Узбакистонро шикаст дод ва қаҳрамони ҷавонони Осиё шуд.

 Пеш аз ин ва дар радаи синнии ҷавонон, Амирризо Султонӣ дар вазни 54 кило ва Амирризо Маликхитобӣ дар вазни 86 килограмм ба медали бринҷӣ расида буданд.

 Тими умеди Эрон низ, ки нахустин ҳузураш дар мусобиқоти осиёииро таҷриба мекард, тавассути Муҳаммади Маҳшарӣ дар 75 кило, Сайидалӣ Сайидсадрӣ дар 86 кило ва Ризо Халилзода дар 92+ килограмм соҳиби се медали бринҷӣ шуд.

 Рақобатҳои бокси қаҳрамонии ҷавонон ва умеди Осиё аз шанбе 27 апрел 2024 дар Қазоқистон оғоз шуд ва то имрӯз сешанбе идома дорад.