25 урдибиҳишт; бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ шоири бузурги порсигӯйи эронӣ аст, ки рӯзи 25 урдибиҳишт (14 май) дар тақвими Эрон, рӯзи бузургдошти ин шоири шаҳир номгузорӣ шудааст.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (наздик ба соли 319 то 397 ҳиҷрии хуршедӣ) дар доманаи Тӯси Хуросон дида ба ҷаҳон гушӯд. Падари ӯ аз деҳқонони сарватманди Тӯс буд. Деҳқонон соҳиби навъе ашрофияти заминдор дар давраи Соcониён буданд, ки яке аз табақаҳои иҷтимоии миёни табақаи кишоварзон ва ашрофи дараҷаи аввалро ташкил медоданд.
Фирдавсӣ аз кӯдакӣ ба касби илму дониш мепардохт ва ба хондани достон ҳам алоқаманд шуд. Ў пайрави дин ислом буд ва ба Пайғамбари ислом (с) ва аҳли байти ишон ишқ меварзид.
Фирдавсӣ дар тӯли даврони зиндагиааш асаре халқ кард, ки таъсиргузории он дар фарҳанг ва таъриху адабиёти Эрон аз ҳазорон китоб фаротар аст. Шоҳномаи Фирдавсӣ асари манзум бо беш аз 60 ҳазор байт аст.Дарунмояи Шоҳнома бар асоси озодихоҳӣ ва озодагии мардуми Эрон аст ва ба се давраи асотирӣ, паҳлавонӣ ва таърихӣ тақсим мешавад.
Ҳамзамон бо ин рӯз, дар маҷмуъаҳои фарҳангӣ маросими Шоҳномахонӣ баргузор мешавад.
Оромгоҳи Фирдавсӣ дар 20 километрии шимолу ғарби шаҳри Машҳад ва дар наздикии шаҳри таърихӣ Табарон ( ё Тобарон) ва бинои таърихии Ҳоруния қарор дорад.