Эҳзори кордори сафорати Австралия ба Вазорати умӯри хориҷаи Эрон
-
Эҳзори кордори сафорати Австралия ба Вазорати умӯри хориҷаи Эрон
Вазорати умӯри хориҷаи Эрон , дар пайи вазъи таҳримҳои ҷадиди Австралия зидди теъдодӣ аз масъӯлон ва мақомоти аршад ва ниҳодҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон , кордори сафорати ин кишварро дар Теҳрон эҳзор кард .
Ба гузориши Ирно , раиси идораи чаҳоруми Осиё ва уқёнӯсияи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон имрӯзи чаҳоршанбе маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди иқдоми ғайри масъулонаи Австралия дар эъмоли таҳримҳои ғайри қонӯнӣ ва ғайри муваҷҷаҳ ба кордори ин кишвар иблоғ кард.
Раиси идораи чаҳоруми Осиё ва уқёнусияи Вазорати умӯри хориҷа ҳамчунин дар ин дидор таъкид кард Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақи иқдоми мутақобилро барои худ маҳфӯз медорад .
Кордори свфорати Австралия дар ин дидор эълом кард , мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар асраи вақт ба Канберра мунтақил хоҳад кард .
Давлати Австралия рӯзи гузашта дар вокуниш ба амалиёти Ваъдаи Содиқ ва дифои машрӯъи Эрон зидди режими саҳюнистӣ дар посух ба ҳамлаи ин режим ба бахши консулгарии сохтумони сафорати Эрон дар Димишқ , таҳримҳои ҳадафмандиро зидди панҷ фард ва се ниҳоди эронӣ эъмол кард .