Табрики солрӯзи озодии “ Хуррамшаҳр “
-
Табрики солрӯзи озодии “ Хуррамшаҳр “
Имрӯз панҷшанбе , сеюм хурдод ( 23 моҳи май ) , солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр , ҷануби ғарби Эрон , рӯзи муқовимат , исор ва пирӯзӣ аст .
Дар саросари солҳои пурифтихори Дифои муқаддас , рӯзҳои бузургӣ ба сабт расидааст ки азимату аҳамияти он ҳамвора дар зеҳнҳо боқӣ хоҳад монд ва сеюми хурдод , рӯзи озодсозии хуррамшаҳр дар хилоли ҷанги таҳмилии ҳашт солаи режими Баъси « Саддом » диктатори маъдуми Ироқ зидди Эрон низ аз ҳамин ифтихороти даврони ҳашт соли Дифои муқаддасаст .
Озодсозии Хуррамшаҳр аз муҳимтарин аҳдофи амалиёти Байтулмуқаддас дар соли 1361 ( 1982 ) буд .Ин шаҳр пас аз 578 рӯз аз ишғоли режими Баъси Ироқ озод шуд . Ҳамосаи озодсозии Хуррамшаҳр дар ҳамаи абъоди он , аъам аз низомӣ , ҳамосаӣ ва фарҳангӣ , нуқтаи атфи муҳимме дар таърихи Инқилоби исломӣ Эрон аст ва рӯҳияи султаситезии миллати Эрон , имрӯз қавитару мустаҳкамтар аз пеш ҳамчунон дар масири рушду боландагӣ қарор дорад.
Сеюми хурдод на фақат ёдовари озодии Хуррамшаҳр ки ёдоварии фидокориҳо ва истодагиҳои таҳсинбарангези мудофеъони Эрони исломӣ дар баробари нерӯҳои мутаҷовиз аст. Эрону эрониёни имрӯзи як бори дигари хотираи озодсозии Хуррамшаҳрро гиромӣ медоранд.