Раиси Маҷлиси Эрон : Таваҳҳуши саҳюнистӣ дар Рафаҳ бояд мутаваққиф шавад
(last modified Thu, 30 May 2024 07:35:36 GMT )
Май 30, 2024 12:35 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси Эрон : Таваҳҳуши саҳюнистӣ дар Рафаҳ бояд мутаваққиф шавад
    Раиси Маҷлиси Эрон : Таваҳҳуши саҳюнистӣ дар Рафаҳ бояд мутаваққиф шавад

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон , тақобули режими саҳюнистӣ бо мардуми бе дифоъи Фаластинро тақобули таваҳҳуши саҳюнистӣ бо инсонияти бедифоъ донист ва гуфт : Таваҳҳуши саҳюнистӣ дар Рафаҳ бояд мутаваққиф шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; « Муҳаммадбоқири Қолибоф » раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар нишасти алании рӯзи панҷшанбе бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза , афзӯд : Давлатҳои ҷаҳон ба вижа давлатҳои исломӣ бояд таъоруфоту мулоҳизоти дипломотикро канор гузошта ва бо тамоми тавон аз ҳайсияти башарият дифо кунанд .

Қолибоф бо ишора ба ин ки беамалӣ дар баробари ҷинояти ҷангии Исроил , башарро ба даврони таваҳҳуш савқ медиҳад , гуфт : Садои кӯдакони оташ гирифта дар рафаҳ , санади шикасти башарият барои дифоъ аз ҳуқуқи бадеҳии инсонҳо ва намоди бе таваҷҷӯҳии давлатҳо ба инсонитарин авотифи миллатҳои худаст .

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон таъкид кард : Давлатҳо бояд ҳамсӯ бо миллатҳои худ самти дурусти таърих биистанду ҷулуи ин мошини кушторро бигиранд ва иҷоза надиҳанд чанд ҷинояткори саҳюнист , тамаддуни башариро ба сахра бигиранд .Қолибоф ҳамчунин давлати Амрикоро дар ин миёни бузургтарин ҳомии режими саҳюнистӣ ва бонии тамоми ҷиноёти режими наслкуши Исроил муаррифӣ кард ва бо таъкид бар инки морпечии таваҳҳуши саҳюнистӣ бояд ба ҳар қиматӣ мутаваққиф шавад , тасреҳ кард : Миллату давлати Эрон дар ин роҳ тамоми талоши худро ба кор хоҳад баст ва то ҳамеша ва бо ифтихор канори мардуми мазлӯм ва кӯдакон бепаноҳи фаластинӣ хоҳад истод .

Режими наслкуши Исроил аз ҳафтуми октябри 2023 бо ҳимояти ҳама ҷонибаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ , куштори густардаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ зидди мардум бедифоъ  ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохта ки бар асари ин ҷиноёт то кунун беш аз 36 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд .