Май 31, 2024 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории тиҷории Эрону Туркия
    Ҳамкории тиҷории Эрону Туркия

Идораи омори Туркия эълом кард, мубодилоти тиҷории ин кишвар бо Эрон дар чаҳорумин моҳи соли ҷории мелодӣ бо рушди 12 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл мувоҷеҳ шуда ва ба 386 миллион доллар расидааст.

Идораи омори Туркия рӯзи ҷумъа эълом кард, дар чаҳорумин моҳи соли ҷории мелодӣ 236 миллион доллар коло ба Эрон содир ва 150 миллион доллар коло аз Эрон ворид кардааст.

Содироти Туркия ба Эрон дар ин моҳ нисбат ба апрели соли қабл рушди 18 дарсадӣ ва воридот аз Эрон рушди 5 дарсадӣ доштааст.

Бар асоси ин гузориш, мубодилоти ду кишвари Эрону Туркия дар моҳи апрели соли ҷории мелодӣ бо рушди 12 дарсадӣ нисбат ба моҳи мушобеҳи соли қабл мувоҷеҳ шуда ва ба 386 миллион доллар расидааст.

 

Барчасп