Июн 09, 2024 12:54 Asia/Dushanbe

Бонувони эронӣ бо касби ҳашт медал ноибқаҳрамони мусобиқоти куроши қаҳрамони Осиё шуданд.

Ба гузориши ИРНА, рузи нахуст аз сездаҳумини давраи мусобиқоти куроши қаҳрамонии Осиё, бо муаррифии нафароти бартари вазнҳои мухталифи бахши бонувон дар салони 12 ҳазорнафарии маҷмуъаи варзишии Озодӣ дар Теҳрон хотима ёфт.

Тими миллии куроши бонувони Эрон бо касби 2 медоли тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷ дар бахши тими ба мақоми ноибқаҳрамонии рақобатҳои Осиё Теҳрон расид.

Курош навъе киштии бостони аст ки беш аз 3500 сол қабл дар минтақаи Мовароунаҳр дар Узбекистон ва Тоҷикистони имрузи манша гирифта аст.

Решаи луғати курош дар забони узбеки ба маънои киштгирифтан аст.

Дар бисёре аз манобеи таърихи шарқи бостони курош ба унвон навъи рақобат ё саргармии варзиши умуми матраҳ шуда аст.

Узбакистон  бо 3 тилло ва 4 нуқра ба қаҳрамонии ин мусобиқот расид.

Барчасп