Июн 10, 2024 21:07 Asia/Dushanbe
  • 22  завҷи лубнонӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разави паймони издивоҷ бастанд
    22  завҷи лубнонӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разави паймони издивоҷ бастанд

22 завҷи лубнонӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имоми Ризо (а) ва дар фазои маънавӣ, паймони муқаддаси зиндагии муштаракро дар ҷавори боргоҳи малакути соминулҳуҷаҷ (а) баста ва зиндагии муштараки худро оғоз карданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дар солрузи издивоҷи ҳазрати имоми Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) 22 завҷи лубнонӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имоми Ризо(а) ва дар фазои маънавӣ, паймони муқаддаси зиндагии муштаракро дар ҷавори боргоҳи малакутии соминулҳуҷаҷ (а) баста ва зиндагии муштараки худро оғоз карданд.

Ин маросими маънавӣ ба ҳиммати мудирияти зоирони ғайри эронии ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ва бо ҳузури ҷамъӣ аз масъулон ва ходимони ин остони муқаддас баргузор шуд.

Гуфтани аст ин завҷайни ҷавон ки аз шаҳрҳои мухталифи Лубнон ба Машҳади муқаддаси мушарраф шуда буданд пас аз ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а) ва ширкат дар ин маросими маънавӣ, роҳии сафари зиндагии муштарак худ шуданд.

Ин иқдоми писандида, бори дигари нишондиҳанда иродат ва ишқи мусулмонони саросари ҷаҳон ба хонадони исмату таҳорат (а) ва ба хусус имом Ризо (а) аст ва фурсатии муғтанам барои тарвиҷи фарҳанги издивоҷ ва сабки зиндагии исломӣ дар байни ҷавонони мусулмон ба шумор меравад.

Барчасп