Июн 19, 2024 19:55 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии волейболи Эрон муқобили Амрико дар Лигаи миллатҳои волейбол 2024

Тими миллии волейболи Эрон дар нуҳумин бозиаш дар Лигаи миллатҳои волейбол 2024 шигифтисоз шуд ва Амрикоро шикаст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии волейболи Эрон дар аввалин бозӣ дар ҳафтаи сеюми Лигаи миллатҳои волейбол ба масофи Амрико рафт ва бо вуҷӯди 8 шикаст дар тамомии бозиҳои қабл, тавонист шигифтисоз шавад ва дар ҳоле, ки Паймони Акбариро барои дувумин бор ба унвони сармураббӣ рӯи нимкат дошт, Амрикоро 3 - 2 шикаст дод.