Ҳузури Раҳбари инқилоби Эрон дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии чаҳордаҳум
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон субҳи имрӯз (ҷумъа) ва ҳамзамон бо оғози марҳалаи дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, раъси соати 8 субҳ раъйи худро дар сандуқ андохтанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари инқилоб пас аз андохтани раъйи худ дар сандуқи 110, рӯзи интихоботро як рӯзи хубу рӯзи фаъол шудани мардум барои як амри муҳими сиёсӣ донистанду гуфтанд: Иншоаллоҳ мардуми азизамон бо ҳиммати бештар дар марҳалаи дувум ва ҳузур дар пои сандуқҳои раъй ва интихоби беҳтарин, корро дар ин марҳала тамом мекунанд то фардо – шанбе раиси ҷумҳурамонро дошта бошем.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба бархе гузоришҳо мабнӣ бар афзоиши шавқу алоқаи мардум дар ин марҳала аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ афзуданд: Агар ин гуна бошад, хурсандкунанда аст ва умедворем Худованди мутаол миллатро муваффақу кишварро обод кунаду ҳамаи касонеро, ки дар ин масир заҳмат мекашанд, машмули лутфу раҳмати худ қарор диҳад.