Раҳбари муаззами инқилоб табйин карданд: Шаҳид Раисӣ, улгӯи мудириятӣ барои давлатҳо ва масъулон
(last modified 2024-07-07T11:56:38+00:00 )
Июл 07, 2024 16:56 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб табйин карданд: Шаҳид Раисӣ, улгӯи мудириятӣ барои давлатҳо ва масъулон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ талош бевақфа барои ҳалли мушкилоти тудаҳои мардум, эътиқоди амиқ ба тавоноиҳои дохилӣ, сароҳат дар эъломи мавозеъи динӣ, инқилобӣ, хастагинопазирӣ, маъюс нашудан, риояти таъомулу иззатмандӣ дар сиёсати хориҷӣ, иҳтимом ба иҷрои тарҳҳои бузург, тавозуъ, бурдборӣ, маънавият, зикр ва тавассулро аз вижагиҳои барҷастаи фардӣ ва кории шаҳид Раисӣ хонданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори сарпарасти раёсатҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлати сездаҳум, таъкид карданд: Шаҳид Раисӣ ба унвони як улгӯ нишон дод, метавон ба унвони раисиҷумҳурии як кишвар аз маҷмӯъаи хусӯсиёти фикрӣ, қалбӣ ва амалӣ бархӯрдор буд ва онро дар амал дунбол кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, ки охирин дидори аъзои давлати сездаҳум буд, давлати сездаҳумро давлати “ кору умед ва ҳаракат” баршумурданд ва гуфтанд: Шаҳид Раисӣ воқеан умедвор ва ба ҳақ, ба оянда хушбин буд ва тасмими қотеъ дошт, ки ба аҳдофи тарсим шуда бирасад.

Эшон дар табйини вижагиҳои барҷастаи Раисӣ, мардумӣ будани ӯро хусусияте бисёр муҳиму улгӯе ҳақиқӣ барои ҳамаи масъулон хонданд ва гуфтанд: Раисӣ ба мардум эҳтиром мегузошт ва бо ҳузур дар миёни мардум, ҳақоиқ ва ниёзҳоро ламс мекард ва ҳалли мушкилот ва таъмини ниёзҳои тудаҳои мардумро меҳвари барномаҳо ва иқдомоти худ қарор медод.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии эътиқоди амиқ ба тавоноиҳои дохилиро дигари хусӯсиёти барҷастаи шаҳиди раисии хонданд ва гуфтанд : раисӣ аз бен дандон ба зарфиятҳоу тавоноиҳои дохилӣ барои ҳали мушкилоти кишвар эътиқод дошт .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Раиси қувваи муҷрия метавонад маҷмӯъае аз фазоъили фикрӣ, қалбӣ ва амалӣ дошта бошад ва онҳоро дар амалкарди ҳокимиятӣ ва фардии худ дунбол кунад.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аз аъзои ҳайати давлат дар ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо раисиҷумҳури шаҳид низ қадрдонӣ карданд ва гуфтанд, агар ҳамкории ҳамаи аъзои давлат набуд, ин фаъолиятҳо имконпазир намешуд.

Дар пайи суқӯти болгарди ҳомили Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон (19 майи 2024) дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи як сад, дар шимоли ғарби Эрон, раисҷумҳур ба ҳамроҳи вазири умури хориҷаи Эрон, имомҷумъаи шаҳри Табрез, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва дигар ҳамроҳон, ба мақоми рафеъи шаҳодат ноил омаданд.

 

Барчасп