Июл 11, 2024 12:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Пизишкиён бар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва озодии Қудс

Раисиҷумҳури мунтахаби зимни қадрдонӣ аз паёми табрики раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), бар идомаи ҳимояти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз миллати мазлӯми Фаластин то таҳаққуқи ҳамаи ормонҳо ва ҳуқуқи худ ва ҳамчунин озодии Қудси шариф таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, матни паёми қадрдонии оқои Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаб аз Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим. Ҷаноби оқои Исмоил Ҳания, раиси муҳтарами дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин(Ҳамос), салом алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ аз паёми табрики муҳаббатомези ҷаноби олӣ ба муносибати интихоби инҷониб ба раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона ташаккур мекунам. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пайбандӣ ба усӯлу аҳдофи волои Инқилоби Исломӣ ва дар чорчӯби ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) ва раҳнамудҳои мақоми муаззами раҳбарӣ ҳимоят аз миллати Фаластин ва муборизоти он дар баробари ишғолгарӣ ва апартеиди режими саҳюнистиро вазифаи инсонӣ ва исломии худ дониста ва ба ҳимояти ҳамаҷонибаи хеш аз миллати мазлӯми Фаластин то таҳаққуқи куллияи ормонҳо ва ҳуқуқи худ ва озодии Қудси шариф идома хоҳад дод. Итминон дорам дар сояи истодагии таърихии миллати муқовими Фаластин ва Ғазза мазлӯм ва муқтадир ва муҷоҳидати қаҳрамононаи размандагони муқовимати Фаластин дар ҷанги ҷорӣ, пирӯзӣ ва нусрати илоҳӣ насиби Фаластини азиз хоҳад шуд. Аз Худованди мутаъол барои ҷаноби олӣ, саломатӣ ва сарафрозӣ барои мардуми Фаластин иззату озодӣ барои муҷоҳидини қаҳрамони муқовимат, нусрати илоҳӣ ва барои шуҳадои гаронқадри Фаластин раҳмати восеаи илоҳӣ масъалат дорам.

Масъуди Пизишкиён

 

Барчасп