Июл 13, 2024 13:12 Asia/Dushanbe
  • Паёми ман ба ҷаҳони нав; Ёддошти Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳури нави Эрон

Порс тудей- Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳури мунтахаби Эрон дар ёддоште барои рӯзномаи «Теҳрон таймс» рӯйкарди худро дар хусуси равобит бо кишварҳои минтақа, Африқо, Чин, Русия, Аврупо ва Амрико ташреҳ кард.

Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳури мунтахаби Эрон дар ёддошти ихтисосӣ барои рӯзномаи «Теҳрон таймс» бо таъкид бар сиёсати фурсатгаро, тасреҳ кард, ки давлати ҷадиди Эрон аз талошҳои содиқона барои коҳиши танишҳо истиқбол ва бо садоқат ба садоқат посух хоҳад дод. Ба гузориши Порс тудей, Пизишкиён дар ин ёддошт бо унвони "Паёми ман ба ҷаҳони ҷадид" бо ишора ба фаротар рафтани саҳнаи ҷаҳонӣ аз улгуҳои суннатӣ, тақвияти равобити мутақобили муфид бо бозигарони байналмилалии навзҳур дар ҷануби ҷаҳонро мавриди таъкид қарор дод.

 Матни комили ёддошти ихтисосии Масъуди Пизишкиён барои «Теҳрон таймс» ба шарҳи зер аст:

 Паёми ман ба ҷаҳони нав

Дар буҳбуҳа(авҷ)и ҷанг ва нооромиҳои минтақа, бо баргузории интихоботи рақобатӣ, мусоламатомез ва муназзам, низоми сиёсии Эрон суботи худро ба намоиш гузошт ва бар иддаоҳои бархе аз «коршиносони Эрон» дар бархе давлатҳо хатти бутлон кашид. Суботи сиёсӣ ва шеваи ифтихоромези баргузории интихобот, нишонгари тадбири Раҳбари муаззами инқилоб, Имом Хоманаӣ ва тааҳҳуди мардуми Эрон ба интиқоли демократии қудрат, ҳатто дар шароити душвор аст.

  Ман бо барномае, ки бар «ислоҳот», «тақвияти ваҳдати миллӣ» ва «таомули созанда бо ҷаҳон» таъкид дошт, вориди корзори интихобот шудам ва дар ниҳоят муваффақ шудам эътимоди ҳамватанонамро, ҳатто занон ва мардони ҷавоне, ки аз вазъияти куллии кишвар норозӣ буданд, дар пойи сандуқҳои раъй ҷалб намоем.

Ин эътимод барои ман бисёр арзишманд аст ва мусаммам ҳастам бо эҷоди иҷмоъ, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ, ваъдаҳоеро, ки дар даврони таблиғоти интихоботӣ ба мардуми кишварам додаам, муҳаққақ(амалӣ) созам.

 Дар оғоз, мехоҳам таъкид кунам, ки давлати ман ҳифзи иззати миллӣ ва шаъни байналмилалии Эрон дар ҳар шароитро сарлавҳаи кори худ қарор хоҳад дод. Сиёсати хориҷии Эрон бар пояи усули «иззат, ҳикмат ва маслиҳат» устувор аст ва тарроҳӣ ва иҷрои он низ бар уҳдаи раисҷумҳур ва давлат гузошта шудааст. Ман қасд дорам тамоми ихтиёроти эътошуда ба ин мақомро ба кор бигирам, то ин ҳадафи калонро пайгирӣ намоем.

Бо ин рӯйкард, давлати ман қасд дорад сиёсати фурсатгароро пайгирӣ кунад, ки бо эҷоди «таъодул» дар равобит бо ҳамаи кишварҳо, мунтабиқ бо манофеъи миллӣ, тавсеаи иқтисодӣ ва ниёзҳои сулҳ ва амнияти минтақа ва ҷаҳон бошад. Дар ин росто аз талошҳои содиқона барои коҳиши танишҳо истиқбол мекунем ва бо садоқат ба садоқат посух хоҳем дод.

 Дар давлати ман, таҳкими равобит бо ҳамсоягон дар авлавият қарор хоҳад дошт. Мо пайгири ташкили як «минтақаи қавӣ» хоҳем буд, на муносиботе, ки дар он як кишвар ба танҳоӣ ба думболи истило ва тасаллут бар дигарон бошад. Ман қавиян эътиқод дорам, ки кишварҳои ҳамсоя ва бародар набояд манобеъи арзишманди худро дар ҷиҳати рақобатҳои фарсоишӣ, мусобиқаи таслиҳотӣ ва маҳдудсозии бемавриди якдигар ҳадар диҳанд. Ба ҷой он, ҳадафи мо бояд эҷоди муҳите бошад, ки дар он манобеъи ҳамагон барои пешрафт ва тавсеаи минтақа, ба нафъи ҳама, ихтисос ёбд.

 Мо ба ҳамкорӣ бо Туркия, Арабистони саудӣ, Уммон, Ироқ, Баҳрайн, Қатар, Кувейт, Амороти муттаҳидаи рабӣ ва созмонҳои минтақаӣ ба манзури таъмиқи равобити иқтисодӣ, тақвияти равобити тиҷорӣ, иртиқои сармоягузориҳои муштарак, муқобила бо чолишҳои муштарак ва ҳаракат ба сӯи эҷоди чорчуби минтақаӣ барои гуфтугӯ, эътимодсозӣ ва тавсеа мубодарат хоҳем кард.

 Минтақаи мо дер бозе аст аз ҷанг, танишҳои фирқаӣ, терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, камбуди об, буҳрони паноҳндагон, тахриби муҳити зист ва мудохилоти хориҷӣ ранҷ мебарад. Ҳоло вақти он фаро расида, ки бо ҳам ба ин чолишҳои муштарак барои ояндаи беҳтари наслҳои баъдӣ расидагӣ намоем. Ҳамкорӣ барои тавсеа ва шукуфоии минтақаӣ-асли роҳнамои сиёсати хориҷии мо хоҳад буд.

 Ба унвони кишварҳое, ки аз манобеъи фаровон ва суннатҳои муштараки бархоста аз таолими сулҳомези исломӣ бархурдоранд, бояд муттаҳид шавем ва ба ҷойи мантиқи қудрат, ба қудрати мантиқ такя кунем. Бо баҳрагирӣ аз зарфияти ҳанҷорсози худ метавонем аз тариқи тарвиҷи сулҳ, эҷоди муҳити ором барои тавсеаи пойдор, тақвияти гуфтугӯ ва муқобила бо исломҳросӣ нақши муҳимме дар назми ҷаҳонии пасоқутбӣ ифо намоем. Дар ин росто Эрон ба саҳми худ омодаи нақшофаринӣ хоҳад буд.

 Дар соли 1979, пас аз инқилоб низоми навзҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити худро бо ду режими апартайеди Исроил ва Африқои ҷанубӣ, бар асоси мавозини ҳуқуқи байналмилал ва усули пояи ҳуқуқи башар қатъ намуд. То ба имрӯз Исроил ҳамчунон як режими апартайед аст, ки «наслкуши»- ро низ ба корномаи тираи худ , ки шомили ишғол, ҷиноёти ҷангӣ, поксозии қавмӣ, шаҳраксозӣ, бархурдорӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ, замимаи ғайриқонунии сарзаминҳои дигарон ва таҳоҷум ба ҳамсоягонаш буда, изофа кардааст.

 Ба унвони аввалин иқдом, давлати ман аз кишварҳои араби ҳамсоя дархости ҳамкорӣ хоҳад кард, то бо истифода аз тамоми аҳрумҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истиқрори оташбас ва мутаваққиф кардани куштори мардуми Ғаззаро дар авлавият қарор диҳанд, то аз густариши доманаи ҷанг ҷилавгирӣ шавад. Сипас бояд бо ҷидият талош кунем, то ба ишғоли тӯлонимуддате, ки зиндагии чаҳор насл аз фаластинёнро вайрон кардааст, поён диҳем. Дар ин росто таъкид мекунам давлатҳо бар асоси «конвенсиюни наслкушии 1948» муваззаф ба анҷоми иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ ҳастанд ва на подош додан ба наслкушӣ аз тариқи оддисозии равобит бо муҷримон!

 Имрӯза ба назар мерасад, ки бисёре аз ҷавонон дар кишварҳои ғарбӣ ба ҳаққонияти мавозеъи дерпои мо дар қиболи режими Исроил пай бурда бошанд. Мехоҳам аз ин фурсат истифода кунам ва ба ин насли шуҷоъ бигӯям, ки иттиҳомоти яҳудиситезӣ алайҳи Эрон ба далели мавзеъи усулиаш дар масъалаи Фаластин, на танҳо комилан ғалат аст, балки ба фарҳанг, боварҳо ва арзишҳои асосии мо тавҳин мекунад. Мутмаин бошед, ки ин иттиҳомот ба андозаи иттиҳомоти ноодилона яҳудиситезе, ки ҳангоми эътироз дар донишгоҳҳо барои дифоъ аз ҳаққи ҳаёти фаластиниҳо ба Шумо ворид мешавад, беасос аст.

 Чин ва Русия ҳамвора дар рӯзҳои сахт дӯст ва пуштибони мо будаанд. Мо ин дӯстиро бисёр арзишманд медонем.

Нақшаи роҳи 25 солаи Эрон ва Чин як гоми муҳимм дар ҷиҳати эҷоди як «шарокати ҷомеъи роҳбурди»и судманд барои ҳар ду кишвар буд; Ва мо тамоюл дорем дар остонаи вуруд ба назми ҷадиди ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои густурдатаре дар ин масир бо Пекин барқарор созем. Дар соли 2023, давлати Чин нақши муҳимме дар оддисозии равобити мо бо Арабистони саудӣ ифо кард ва аз ин тариқ дидгоҳи созанда ва рӯйкарди оянданигаронаи худро дар умури байналмилалӣ ба намоиш гузошт.

  Русия як ҳампаймони роҳбурдии арзишманд ва ҳамсояи Эрон аст ва давлати ман мутааҳҳид аст, ки ба густариш ва тақвияти ҳамкориҳоямон пойбанд бимонад. Мо барои мардуми Русия ва Украина орзуи сулҳ дорем ва давлати ман омодаи ҳимояти фаъолона аз ибтикороти дипломатӣ дар ҷиҳати дастёбӣ ба ин ҳадаф хоҳад буд. Давлати ман ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба бо Русияро ба вежа дар чорчубҳое монанди БРИКС, Созмони ҳамкори Шанхай ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар авлавият қарор хоҳад дод.

Бо илм ба инки саҳнаи ҷаҳонӣ аз улгуҳои суннатӣ фаротар рафтааст, давлати ман мутааҳҳид аст, ки равобити мутақобили муфиди худро бо бозигарони байналмилалии навзҳур дар ҷануби ҷаҳон, ба хусус бо кишварҳои африқоӣ тақвият намояд. Дар ин росто, ба думболи афзоиши ҳамкориҳо ва тақвияти муносиботамон хоҳем буд.

  Эрон бо кишварҳои Амрикои лотин равобити мустаҳкаме дорад ва давлати ман дар ҷиҳати ҳифз ва таъмиқи он ба манзури пешбурди тавсеа, гуфтугӯ ва ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо иқдом хоҳад кард.

Ҳамкорӣ байни Эрон ва кишварҳои Амрикои лотин аз ончи дар ҳоли ҳозир барқарор аст, ба маротиб зарфиятҳои бештаре дорад ва мо пайгири тақвияти пайвандҳоямон хоҳем буд.

 Равобити Эрон ва Аврупо фарозу нишебҳои зиёде доштааст. Пас аз хурӯҷи Иёлоти муттаҳида аз Барҷом (барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак) дар моҳи маи 2018, кишварҳои аврупоӣ ёздаҳ тааҳҳуд ба Эрон доданд, то тавофуқ ҳастаиро наҷот дода ва таъсири таҳримҳои ғайриқонунӣ ва якҷонбаи Иёлоти муттаҳида бар иқтисоди моро таъдил намоянд. Аз ҷумлаи ин тааҳҳудот метавон ба тазмини анҷоми мубодилоти банкӣ ба сурати муассир, ҳифозати муассир аз ширкатҳо дар баробари таҳримҳои Иёлоти муттаҳида ва тарвиҷи сармоягузорӣ дар Эрон ном бурд. Кишварҳои аврупоӣ тамоми ин тааҳҳудотро поймол кардаанд, аммо ба таври номаъқуле интизор доранд Эрон ба сурати якҷонба ба тамоми тааҳҳудоти худ мутобиқи Барҷом амал намояд.

 Бо вуҷуди ин инҳирофҳо ман омодаи баргузории гуфтугӯҳои созанда бо кишварҳои аврупоӣ ҳастам, то бо талоши муштарак, равобитамонро бар пояи асли баробарӣ ва эҳтироми мутақобил ба масири саҳеҳ ҳидоят кунем.

 Кишварҳои аврупоӣ бояд дарёбанд, ки мардуми Эрон мардуми бо ифтихор ҳастанд ва ҳуқуқ ва шаъни онҳоро дигар наметавон нодида гирифт. Ҳар гоҳ қудратҳои аврупоӣ ба ин воқеият воқиф шаванд, тасаввури барсохтаи тафаввуқ(бартариҷӯи)и ахлоқии худро канор бигузоранд ва ҳамчунин аз буҳронҳои сохтаге, ки муддатҳост бар равобитамон соя афканда убур намоянд, фурсатҳои бисёре барои ҳамкорӣ байни Эрон ва Аврупо вуҷуд хоҳад дошт, ки метавон мавриди баррасӣ қарор дод.

 Фурсатҳои ҳамкорӣ шомили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фановарона, амнияти энергӣ, масирҳои транзит, муҳити зист, ҳамчунин мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, буҳрони паноҳндагон ва дигар ҳавзаҳо ҳастанд, ки ҳамаи инҳо метавонанд ба нафъи кишварҳои мо пайгирӣ шаванд.

 Иёлоти муттаҳидаи Амрико низ бояд ба ин дарк расида бошад, ки Эрон ҳаргиз ба зӯргӯӣ посух надода ва нахоҳад дод. Мо дар соли 2015 бо ҳусни ният вориди Барҷом шудем ва ба тамоми тааҳҳудотмон ба таври комил амал кардем. Аммо Иёлоти муттаҳида ба хотири низоъҳо ва интиқомҳои марбут ба ҳавзаи сиёсати дохилии худ ба таври ғайриқонунӣ аз тавофуқ хориҷ шуд ва бо таҳмили таҳримҳои якҷонибаи фаросарзаминӣ ба мардуми Эрон ба вежа дар даврони короуна, зиёнҳо, ранҷҳо ва осебҳои бешумор ва ба иқтисоди мо садҳо миллиард доллар хисорат ворид намуд.

 Иёлоти муттаҳида омидона(барқасдона) тасмим гирифт, ки бо роҳандозии ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон ва ҳамчунин бо мубодарат ба терроризми давлатӣ аз тариқи террори сардор Қосими Сулаймонӣ - қаҳрамони номии ҷаҳонии мубориза бо терроризм, ки ба хотири муваффақиятҳояш дар наҷоти мардуми минтақа аз ДИИШ ва гурӯҳҳои ваҳшии мушобеҳ шинохта мешавад – низоъҳоро ташдид намояд. Имрӯз ҷаҳон шоҳиди табаот(паёмадҳо)и зиёнбори ин тасмим аст.

 Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш, на танҳо як фурсати таърихиро барои коҳиш ва мудирияти танишҳо дар минтақа ва ҷаҳон аз даст доданд, балки ба таври ҷиддӣ муоҳидаи манъи густариш (npt)-ро тазъиф намуданд чаро, ки нишон доданд ҳазинаҳои пойбандӣ ба усули адами ишоъа(густариш надодани силоҳҳо) метавонад аз фоидаҳои эҳтимолии он бештар бошад.

 Ба воқеъ Иёлоти муттаҳида ва муттаҳидони ғарбиаш аз режими адами густариш суистифода кардаанд, то бархилофи баровардҳои дастгоҳҳои иттилоотии худ, буҳрони барсохта дар мавриди барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон эҷод намоянд ва аз он барои фишори мустамар(пайваста) бар мардуми мо истифода кунанд. Ин дар ҳоле, ки ҳамзамон ба ҳимояти фаъолона ва бедареғ аз Исроил - як режими апартайиди таҷовузгаро, ки узви паймони NPT нест ва ба гувоҳи ҳамаи шоҳидон дорандаи силоҳи ҳастаӣ аст, пардохтанд.

 Мехоҳам бори дигар таъкид кунам, ки докторинаи дифоъии Эрон шомили сохти силоҳҳои ҳастаӣ нест ва Иёлоти муттаҳидаро фаро мехонам то аз суимуҳосиботи гузаштааш дарс гирифта ва сиёсати ҷадиде мутаносиб бо он дунбол намояд. Тасмимгирон дар Вашингтон бояд дарёбанд, ки сиёсате, ки мабнои он қарор додани кишварҳои минтақа дар муқобили якдигар бошад, на дар гузашта муваффақ буда ва на дар оянда муваффақ хоҳад шуд. Онҳо бояд ҳақиқати Эронро бипазиранд ва аз ташдиди танишҳои мавҷуд парҳез намоянд.

 Мардум Эрон ба ман як маъмурияти қавӣ додаанд, то бо ҷидият пайгири таомули созанда дар саҳнаи байналмилалӣ дар ҳини пофишорӣ бар ҳуқуқ, иззат ва нақши мустаҳиққамон дар минтақа ва ҷаҳон бошам. Ман аз ҳама касоне, ки моил ба пайвастан ба ин талоши таърихӣ ҳастанд, даъват ба ҳамкорӣ менамоям.

 

Барчасп