Гиромидошти шаҳодати аҳли байт ва набераи Паёмбари Ислом дар Эрон/ тасвирҳои баргузидаи Порс тудей аз аккосони эронӣ
Порс тудей-Азодории айёми шаҳодати Абоабдуллоҳил-Ҳусайн (а), набера ва аҳли байти Паёмбари гиромии Ислом, дар даҳаи аввали муҳаррами соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ бо ҳолу ҳавои хос дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.
Имом Ҳусайн ва ёрони бовфои ишон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд. Ба гузориши Порс тудей, ҳамзамон бо фаро расидани моҳи муҳаррам ва айёми сӯгвории шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои ишон, иродатмандони Сайидушшуҳадо (а) дар Эрон, маконҳои муқаддас, такяҳо, масҷидҳо ва ҳатто сардари хонаҳояшонро сиёҳпӯш мекунанд ва дар расои солори шаҳидон ба азодорӣ мепардозанд.
Аз қадимулайём дар Эрон пӯшидани либоси сиёҳ намоди ҳузну андӯҳ будааст, агар касе мусибате барояш пеш меомад ва азизоншро аз даст медод расм буд, ки барои азодорӣ сиёҳ бипушад.
Дар идомаи ин гузориш аз Порс тудей, тасвирҳое аз азодории мардуми Эрон барои сарвару солори шаҳидонро мебинед: