Июл 20, 2024 19:46 Asia/Dushanbe
  • Шоҳкори фарангикорони ҷавони Эрон дар Таиланд

Мусобиқоти панҷ вазни нахусти рақобатҳои гуштини фарангии ҷавонони қаҳрамонии Осиё, имрӯз дар шари Си-Рачаи Таиланд баргузор шуд.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, дар поёни мусобиқоти рӯзи нахуст ҳар 5 намояндаи Эрон ба медоли тилло даст ёфтанду амалкарди хориқулоддаеро аз худ ба ҷо гузоштанд.

Бар ин асос, Алӣ Аҳмадии Вафо дар вазни 55 килограм, Ирфони Ҷирканӣ дар вазни 63 килограм, Алиризо Абдулвалӣ дар вазни 77 килограм, Муҳаммадҳодии Саёйдӣ дар вазни 87 килограм ва Абулфазли Фатҳии Тазангӣ дар вазни 130 килограм барои тими Эрон ба медоли тилло даст ёфтанд.

Мусобиқоти панҷ вазни дувум фардо (31 тир) баргузор мешавад.

 

Барчасп