Дастёбӣ ба 330 дастоварди фанноварона дар ҳавзаи ҳастаӣ дар давлати сездаҳуми Эрон
(last modified 2024-07-22T13:04:04+00:00 )
Июл 22, 2024 18:04 Asia/Dushanbe
  • Дастёбӣ ба 330 дастоварди фанноварона дар ҳавзаи ҳастаӣ дар давлати сездаҳуми Эрон

Порс тудей - Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз дастёбӣ ба 330 дастоварди донишӣ ва фанноварона дар ҳавзаи ҳастаӣ дар давлати сездаҳум хабар дод.

Муҳаммади Исломӣ рӯзи якшанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон, бо ишора ба амалкарди санъати ҳастаӣ дар давлати сездаҳум баён кард, ки дар ин давра, 330 дастоварди донишӣ, фанноварона ва ҳастаӣ ба манасаи зуҳӯр расидааст. Вай гуфт: «Яке аз корҳое, ки дар ин муддат анҷом шуд, таъсиргузории дастовардҳои санъати ҳастаӣ дар зиндагии мардум буд.»

Ба гузориши Порс тудей, Исломӣ ҳамчунин хотирнишон кард, ки Созмони энержии атомии Эрон сабади маҳсӯлоти радио доруии Эронро аз 80 маҳсӯл фаротар бардааст.

Бар асоси эъломи Исломӣ, ин созмон дар ҳоли ҳозир 20 маҳсӯл дар дасти сохт дораду гомҳои муҳимме дар бахшҳои офати писта ва бемории диабетӣ, ки ба қатъи узв мунҷар мешуд, дар бахш радиодоруҳо бардоштааст.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки то поёни моҳи шаҳривар, ҳаддиақаи 3 маркази партавдҳии дигар дар Эрон ифтитоҳ хоҳад шуд.

 

Барчасп