Эрон дарвозаи сареъ ва амни ҳамли бор аз Чин ба Аврупо/ Рекордзанӣ дар транзити Русия ба Ҳинд
(last modified 2024-07-23T08:08:06+00:00 )
Июл 23, 2024 13:08 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии қатори контейнерии Эрон - Чин
    Роҳандозии қатори контейнерии Эрон - Чин

Сайид Меоди Солеҳӣ, мудири роҳи оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор дошт, ки Эрон ба унвони дарвозае сареъ ва амн барои ҳамли маҳсулоти Чин ба Иттиҳоди Аврупо амал мекунад.

Рӯзи якшанбе дар маросиме қатори контейнерии дусарбори Эрон - Чин роҳандозӣ шуд.

Ин маросим дар бандари хушки рейлии Теҳрон баргузор шуд ва фози аввали каридори рейлии Чин - Эрон - Аврупо ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши “Порс-тудей”, Сайид Меоди Солеҳӣ дар маросими роҳандозии қатори контейнерии дусарбори Эрон - Чин эълом кард ки ин қатор бо убур аз кишварҳои Қазоқистону Туркманистон ба самти Чин ҳаракат мекунад.

Солеҳӣ бо баёни ин ки ин каридор замони ҳамли борро нисбат ба ҳамлунақли дарёӣ ба шиддат коҳиш хоҳад доду амнияту эминии хуберо ба дунбол дорад, афзуд: Ин масири тамомрейлӣ, ки аз Чин, Қазоқистон ва Туркманистон мегузарад, мавриди тавваҷуҳи туҷҷору соҳибони бор қарор хоҳад гирифт.

Мудири роҳи оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон ба чанд маврид аз таҷрибиёти муваффақи содирот, воридот ва транзити рейлӣ дар давлати сездаҳум ишора карду гуфт: Эрону Қазоқистон ҳамкории хубе дар каридори Шимол – Ҷануб ва ҳамли бори Русия доштаву доранд. Ба унвони мисол, соли гузашта маҳсули стратегии куди путос (нурии калий) аз мабдаи Русия ба тӯли чаҳор ҳазору 800 километр то БандарАббос ба сурати тамомрейлӣ транзит шуд, ки масири 18 то 19 рӯзаро ҷойгузини масири 52 то 53 рӯзаи ҳамли бор аз тариқи дарёи Сиёҳ, дарёии Сурх ва уқёнуси Ҳинд ба мақсади Ҳиндустон кард.

Солеҳӣ ҳамчунин бо интишори посте дар фазои маҷозӣ аз транзити ангиштсанги Русия ба Ҳинд аз тариқи роҳи оҳани Эрон барои аввалин бор хабар дод.

Вай дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: «Барои аввалин бор дар таърихи роҳи оҳани Эрон, тайи 40 рӯзи гузашта 7 ром қатори ҳовии 9500 тон ангиштсанг (содироти доимии Русия ба Ҳинд) аз масири рейлии Эрон транзит шуд».

Бар асоси эъломи Солеҳӣ, ин транзит суръати сайри болое дорад ва масири рейлии як ҳазору 610 километрии Сарахс – Бандар-Аббос дар камтар аз се рӯз тай мешавад, ки як таҷрибаву рекорди хуб аст.

 

Барчасп