Июл 27, 2024 19:06 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди вазири омӯзиши олии Малайзия аз муваффақиятҳои нухбагони эронӣ бо вуҷӯди таҳримҳо

Порс тудей - Вазири омӯзиши олии Малайзия аз омодагии кишвараш барои тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои донишгоҳӣ миёни ин кишвар ва Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Замбири Абдуқодир, вазири омӯзиши олии Малайзия дар дидори Валиуллоҳи Муҳаммадӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Куала-Лумпур, омодагии кишвараш барои тавсеаи ҳамкориҳои донишгоҳӣ бо Эронро эълом кард.

Ба гузориши Порс тудей, вазири омӯзиши олии Малайзия дар ин дидор бо ишора ба сафари соли гузаштааш ба Эрон, дастовардҳои нухбагони эронӣ дар бахшҳои мухталифи тавлидӣ, саноатӣ, донишгоҳӣ ва кишоварзӣ бо вуҷӯди солҳо таҳрими якҷонибаи Амрикоро мавриди тамҷид қарор дод.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон низ гуфт, ёддошти тафоҳуми ҳамкории омӯзиши олӣ бистар ва чорчӯби иҷрои муносибе барои тавсеа ва тақвияти беҳтари ҳамкориҳои донишҷӯӣува донишгоҳӣ маҳсӯб мешавад.

 

Вай дар ин дидор ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои донишгоҳии Эрону Малайзия дар сояи таваҷҷуҳи мақомоти масъули ду кишвар беш аз гузашта пешрафт ва иртиқо ёбад.

 

Барчасп