Ҳавзаҳои илмияи Эрон: Таътилии марокизи исломии Олмон, тарҳи саҳюнистӣ ва нажодпарастона аст
(last modified Mon, 29 Jul 2024 14:38:39 GMT )
Июл 29, 2024 19:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳавзаҳои илмияи Эрон: Таътилии марокизи исломии Олмон, тарҳи саҳюнистӣ ва нажодпарастона аст

Порс тудей - Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмияи Эрон дар баёнияе эълом кард: Иқдоми давлати Олмон дар таътилии масҷиду Маркази исломии Ҳамбург, бар асоси тарҳи саҳюнистӣ ва нажодпарастонаи сӯрат пазируфтааст.

Полиси Олмон 24 июл ба Маркази исломии Ҳамбург ҳамла ва ҳамзамони вазорати кишвари Олмон низ дар баёнияе фаъолияти ин маркази исломӣ ва созмонҳои тобеаи онро мамнӯъ кард. Ба гузориши Порс тудей, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмияи Эрон дар пайи таътилии марокизи исломии Олмон баёнияе содир кард.

Матни ин баёния ба шарҳи зайл аст:

Иқдоми давлати Олмон дар таътилии масҷиду Маркази исломии Ҳамбург ба унвони нигини фирӯзаии шаҳри Ҳамбург ва ҳамчунин таътили намудани марокизи исломии дигар дар он кишвар, ки бар асоси тарҳи саҳюнистӣ сӯрат пазируфт ёдовари сиёсатҳои нажодпарастонаи нозиҳо аст.

Ин масҷиду маркази торихии таъсис шуда аз сӯи марҷаъияти шиа ва вобаста ба он ва малҷаи мусулмонон аз ҳамаи мазоҳибу гуруҳҳо в тарвиҷдиҳандаи андешаи мутаъолии ислому ҳамзистии соҳибони адён буда ва хоҳад буд.

Давлати Олмон, ки монанди соири давлатҳои ғарбии муддаии озодии баён ва ақида ва диндорӣ аст бо пайравӣ аз сиёсатҳо ва меъёрҳоиҳои дугона ва якҷонибагароӣ дар баробари таҳаввулоту ҳаводиси ҷаҳон ва бавижаи ҷиноёти нажодпарастона ва дадманишонаи режими ғосиби саҳюнистӣ алайҳи мардуми бедифои Ғазза, худро дар баробари мантиқи муҳками марокизи исломӣ оҷиз ёфта, лизо дар ҳаракате, ки навъе фарофиканӣ ва фирор ба ҷилав талаққӣ мешавад, танҳо чораро дар он дида, ки сурати масаъларо пок намуда ва марокизи исломиро таътил кунад.

Ҳавзаҳои илмияи Эрон зимни маҳкӯм кардани ин иқдоми давлати Олмон аз кишварҳои исломӣ тақозои иттихози аксуламали муносибро менамояд ва аз давлати Олмон интизор меравад ҳарчӣ сареътар аз ин тасмим баргардад ва ҷуброн кунад.