Интиқоди шадиди корбарони эронии “Х” аз иҳонат ба ҳазрати Масеҳ (а) дар Ифтитоҳияи олимпии Порис
(last modified Mon, 29 Jul 2024 15:10:28 GMT )
Июл 29, 2024 20:10 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди корбарони эронии “Х” аз иҳонат ба ҳазрати Масеҳ (а) дар Ифтитоҳияи олимпии Порис

Порс тудей - Корбарони эронии шабакаи иҷтимои “Х” аз иҳонат ба ҳазрати Масеҳ (а) дар Ифтитоҳияи олимпии Порис интиқод ва онро аз зишттарин саҳнаҳои таърихи олимпӣ унвон карданд.

Олимпии 2024 Фаронса асри ҷумъа (26 июл) бо баргузории маросиме ба масофати шашуним километр рӯи рӯдхонаи Сини Порис ва бо режаи қаиқҳои ҳомили варзишкорону парчамдорони кишварҳои мухталиф расман оғоз шуд.

Ба гузориши Порс тудей, ин маросим бар хилофи олимпиҳои қаблӣ, ки бо барномаҳои мутанавеъи кишварҳои мизбон дар дохили варзишгоҳи аслии мизбони олимпӣ баргузор мешуд, ин бор дар фазои боз дар шаҳри Порис баргузор шуд.

Дар ин маросим, бозсозии тавҳиномез аз деворнигораи «Леонардо Давинчи» маъруф ба шоми охири Масеҳ (а) бо истифода аз аносури ҳамҷинсгаро ва ба сурати иҳонатомез ба ин Паёмбари илоҳӣ ва дин масеҳият ба рӯи саҳна рафт, ки бо интиқоди мардум дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.

Барчасп