Эъломи 3 рӯз азои умумӣ дар саросари Эрон дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания
(last modified 2024-08-01T05:52:29+00:00 )
Август 01, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Эъломи 3 рӯз азои умумӣ дар саросари Эрон дар пайи шаҳодати Исмоил Ҳания

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи шаҳодати раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) се рӯз азои умумӣ эълом кард.

Равобит умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард: Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва яке аз муҳофизони вай бомдоди чаҳоршанбе (31 июл) дар асари исобат қарор гирифтани маҳалли иқомати онон дар Теҳрон ба шаҳодат расиданд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши ИРНА, дар пайи шаҳодати фармондеҳи муҷоҳид Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо судури иттилоияе се рӯз азои умумӣ эълом кард.

 

Барчасп