Август 04, 2024 10:41 Asia/Dushanbe
  • Иттилоияи шумораи 3 сипоҳи посдорон дар бораи шаҳодати Исмоил Ҳания
    Иттилоияи шумораи 3 сипоҳи посдорон дар бораи шаҳодати Исмоил Ҳания

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияе ҷузъиёти наҳваи террори шаҳид Исмоил Ҳанияро ташреҳ кард.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва симо, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар иттилоияе дар бораи иқдоми террористии режими ҷинояткоронаи саҳюнистӣ, ки мунҷар ба шаҳодати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) шуд, эълом кард, ин иқдом бо тарроҳӣ ва иҷрои режими саҳюнистӣ ва ҳимояти давлати ҷинояткори Амрико анҷом шудааст.

Дар идомаи ин иттилоия омадааст: Бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқот ва баррасиҳои ба амал омада, ин амалиёти террористӣ бо шиллики партобаи кӯтоҳбурд бо сари ҷангии ҳудуди 7 килограммӣ, ҳамроҳ бо инфиҷори шадид, аз хориҷи маҳдудаи истиқрори иқомати меҳмонон сурат гирифтааст.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ин иттилоия таъкид кардааст: Хунхоҳии шаҳид Исмоил Ҳания қатъӣ ва режими моҷароҷӯ ва террористи саҳюнист посухи ин ҷиноятро, ки "муҷозоти сахт" астро дар замон, макон ва кайфияти муқтазӣ, қотеъона дарёфт хоҳад кард.

 

 

Барчасп