Нойибқаҳрамонии Эрон дар таеквандои олимпии 2024
Тими миллии таеквандои Эрон бо чаҳор намоянда ва чаҳор медали рангоранг дар олимпии сивусеюм, иттифоқе таърихӣ дар Порис рақам зад.
Ба гузориши гуруҳи варзишии Хабаргузории садо ва симо ба нақл аз Федератсияи таеквандо, тими миллии таеквандои Эрон, ки нахустин бор бо чаҳор таеквандокор дар ҳар ду бахши мардону занон дар ин давра аз бозиҳои олимпӣ ширкат карда буд, бо касби чаҳор медали рангоранг даст ба кори бузурге зад ва рекорди таърихиро на танҳо дар таеквандо, ки дар варзиши Эрон сабт кард.
Таеквандокорони миллипӯши кишвар, ки дар ҳар чаҳор вазн бо қуръаи сахте мувоҷеҳ шуда буданд, бидуни тавваҷуҳ ба ному унвони руқабо, яке баъд аз дигаре ҳарифони худ бо унвонҳои ҷаҳониву олимпиро шикаст додаву даст ба кори бузурге задаву муваффақ ба касби як медали тилло тавассути Ориян Салимӣ, ду нуқра тавассути Меҳрон Бархурдорӣ ва Ноҳиди Киёнӣ ва як медали бронз тавассути Мубино Неъматзода шуданд.
Бо ин натиҷа, дар маҷмӯи медалҳои риштаи таеквандо тими миллии Эрон унвони дувумиро касб кард. Кореяи Ҷанубӣ бо ду тилло ва як бронз дар ҷои нахуст истоду Тунис бо як тилло ва як бронз сеюм шуд.