Рӯнамоӣ аз осори ҷадиди ноширони эронӣ ба забони русӣ дар намоишгоҳи китоби Маскав
(last modified 2024-09-05T08:39:07+00:00 )
Сентябр 05, 2024 13:39 Asia/Dushanbe

Саҳоб - Осори ҷадиди ду ношири эронӣ ба забони русӣ дар Сивуҳафтумин намоишгоҳи байниалмилалии китоби Маскав рӯнамоӣ шуд .

Ба гузориши Ирно , дар ойини рӯнамои аз осори ҷадиди ду ношири эронӣ ба забони русӣ ки шомгоҳи чаҳоршанбе бо ҳузур « Козими Ҷалолӣ » сафири Эрон дар Русия баргузор шуд , « Расули Абдуллоҳӣ » намояндаи минтақаии Ҷомеатул-Мустафо ал-оламия дар Русия гуфт , дар се соли гузашта ҳудӯди 50 унвони китобро ба забони рӯси таълӣф ё тарҷума шуда ки дар ин миёни 16 ҷилд барои нахустинбор дар намоишгоҳи китоби Маскав ба намоиш даромадаанд .

Абдуллоҳӣ бо ишора ба ин ки ин осор бо нигоҳи тақриби мазоҳиб ва гуфтугӯи байни адён дар ҳавзаи улӯми инсонӣ ва исломӣ мунташир шудаанд , афзӯд , рӯйкарди Ҷомеатул-Мустафо ал-оламия  тарҷумаи осори фахрии мунташир шуда дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин ҳавзаҳо бо ҳадафи тақвияти иртиботи илмии байни Эрону Русия ба вижа нухбагони ду кишвараст .

Сафири Эрон дар Русия низ бо баёни инки пояи аслии равобити кишварҳо бояд бар сутуни аслии фарҳанг устувор бошад , гуфт , тарҷумаи осори форсӣ ва русӣ , заминасози ошнои мутақобили миллатҳои Эрон ва Русия аст ки ба хубӣ дар ҳоли анҷомаст.

Ҷалолӣ афзӯд , тарҷумаи осору румонҳои русӣ ба забони форсӣ тайи даҳаҳои гузашта мутадовил бӯда ва инак ин фароянд дар канори тарҷумаи осори форсӣ ба забони русӣ дар ҳоли пайгирӣ аст .

Намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав ба муддати панҷ рӯз ва то 8 сентябр дар маркази намойишгоҳи Маскав ( Expo Center барпо аст .

Бинно бар эъломи баргузоркунандагон , ноширону тавзеъкунандагон китоб аз манотиқи мухталифи Русия ва бархе кишварҳо ҳамчун Ҷумҳурии исломии Эрон , Олмон , Чин , Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Беларус дар беш аз 300 ғурфа ҳузур ёфта анд.

Барчасп