Покистон , чаҳорумин шарики тиҷории Эрон
(last modified Fri, 06 Sep 2024 11:50:36 GMT )
Сентябр 06, 2024 16:50 Asia/Dushanbe
  • Покистон , чаҳорумин шарики тиҷории Эрон
    Покистон , чаҳорумин шарики тиҷории Эрон

Гумруки Эрон эълом кард : Бар асоси омори содирот ва воридоти Эрон дар чаҳор моҳи ибтидои соли ҷорӣ ( 1403 шамсӣ ) , Покистон пас аз кишварҳои Иморот , Туркия ва Ироқ , чаҳорумин шарики тиҷории Эрон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , бинобар эъломи гумруки Эрон , мизони ҳаҷми равобити тиҷории Покистон ва Эрон дар чаҳор моҳи ибтидои соли 1403 шамсӣ беш аз як миллиард доллар эълом шудааст .

 Вазири санъату тиҷорати иёлати Панҷоби Покистон дар дидор « Меҳрони Мувҳадифар » сарконсули Эрон дар Лоҳур гуфт : Тавсеаи равобит бо ҳамсоягон аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон аз увлавиятҳои Покистон бӯда ва дар ин росто ба дунболи тасҳили сармоягузорӣ туҷҷории эронӣ дар бахшҳои мухталиф ва ҳамчунин мушорикат дар тавсеаи шаҳракҳои санъатии Покистон ҳастем .

Эрону Покистон дар моҳи аврели 2024 дар сафари шаҳид Иброҳими Раисӣ , раиси Ҷумҳурии собиқи Эрон ба Исломобод тафоҳумномаи тиҷорати солона 10 миллиард доллар дар солро ба имзои расонданд .

« Масъӯди Пизишкиён » раиси Ҷумҳурии Эрои ҳам ахиран бар идомаи сиёсати тавсеаи равобит бо ҳамсоягон ба вижа Покистон таъкид ва барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат бо ҳамсоягон эълом омодагӣ кардааст .

Равобити дукишвари ҳамсояи Эрону Покистони умрӣ ба дар изои таърихи истиқлоли Покистон дорад ва дар солҳои ахир равобити Теҳрон - Исломобод дар бахшҳои мухталифи рӯ ба рушд бӯдааст .