Кудакони фаластинӣ дар Ғазза чи шароити доранд?
-
Кудакони фаластинӣ дар Ғазза чи шароити доранд?
Порс тудей- Вазорати беҳдошти Фаластин гузориши аз вазъияти вахими кудакон дар Ғазза мунташир кард.
Вазорати беҳдошти Фаластин рузи ҷумъа бо судури баёнияи эълом кард, ки режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба сафҳои дарёфти кумакҳои инсонӣ ва дар сояи сиёсати гурусна нигаҳдоштани мардуми Ғазза теъдоди бесобиқаи аз онҳоро дар тамоми сину сол ба бемористонҳо ва ёрии таъҷилиҳо кашонда аст. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Алмаёдин дар ин баёния омада аст: Дар сояи идомаи сиёсати саҳюнистҳо дар гуруснанигаҳдоштани мардуми Ғазза беш аз 650 ҳазор кудак дар остонаи марг қарор доранд.
Бар асоси ин гузориш токунун 69 кудак дар асари камбуди ғизо ҷони худро аз даст доданд ва теъдоди шуҳадои аз камбуди ғизо ва дору дар Ғазза ба беш аз 620 нафар расида аст.
Дафтари расонаи Фаластин дар Ғазза ҳам дар гузориши эълом кард: Бо гузашти 139 руз аз баста будани тамоми гузаргоҳҳои Ғазза ба сурати комил саҳюнистҳо монеъ аз вуруди беш аз 76 ҳазор мошини барбари ҳомили кумакҳои инсонӣ ва сухт ба Ғазза шуданд. Ин гузориш меафзояд: Ишғолгарони саҳюнистӣ токунун 57 маркази пахши кумакҳои инсони дар Ғаззаро мавриди ҳадаф қарор доданд ва беш аз 121 бор ба корвонҳои кумакҳои башардустона ҳамла карданд.