Вокуниши намояндагии Эрон дар Созмони Милал ба иддаои ирсоли мушакҳои баллистикӣ ба Русия
(last modified 2024-09-07T07:57:44+00:00 )
Сентябр 07, 2024 12:57 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши намояндагии Эрон дар Созмони Милал ба иддаои ирсоли мушакҳои баллистикӣ ба Русия

Намояндагии Эрон назди Созмони Милали Муттаҳид гузоришҳои иддаоӣ дар бораи ирсоли мушакҳои баллистикӣ ба Русияро рад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, намояндагии Эрон назди СММ тасреҳ кард, мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи мунозиъаи Украина ҳеҷ тағйире накардааст; Эрон ирсоли кумаки низомӣ ба тарафҳои даргир, ки мӯҷиби густариши хисороти инсонӣ ва зерсохтҳо ва ҳамчунин фосила гирифтан аз гуфтугӯҳои оташбас мешавадро амри ғайриинсонӣ медонад; бинобарин на танҳо худ чунин иқдоме намекунад балки кишварҳои дигарро низ ба таваққуфи ирсоли силоҳ ба тарафҳои даргир дар мунозиъа даъват мекунад.

 Пеш аз ин низ сафири Эрон дар СММ бо ради иттиҳомоти " беасос ва гумроҳкунанда"и Амрико, Англия ва Фаронса дар хусуси нақши Теҳрон дар муноқишаи Украина гуфт, Амрико ва ҳампаймононаш наметавонанд ин воқеияти ғайри қобили инкорро пинҳон кунанд, ки ирсоли силоҳҳои ғарбӣ ва пешрафта ба вежа аз сӯи Амрико, ҷанги Украинаро тӯлонӣ карда ва ба ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ осеб ворид кардааст.

 Амирсаиди Ереванӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар СММ рӯзи чаҳоршанбе (4 сентябр) дар номае ба Антонио Гуттериш- дабири кулли СММ ва низ раиси Шӯрои Амният афзуд, ҳар гуна иддаое дар бораи дахолати Эрон дар фурӯш, содирот ё интиқоли силоҳҳо ба Русия ва поймолсозии уҳдадориҳои байналмилалии худ комилан беасос буда ва ба таври қотеъ рад мешавад.

 

Барчасп