Вуруди нахустин ҳавопаймои “Эйрбас”-и харидоришуда ба Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11698-Вуруди_нахустин_ҳавопаймои_Эйрбас_и_харидоришуда_ба_Теҳрон
Нахустин ҳавопаймои “Эйрбас”-и харидоришуда дар фурудгоҳи байналамилалии “Меҳробод”-и Теҳрон ба замин нишаст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 12, 2017 17:12 Asia/Dushanbe
  • Вуруди нахустин ҳавопаймои “Эйрбас”-и харидоришуда ба Теҳрон

Нахустин ҳавопаймои “Эйрбас”-и харидоришуда дар фурудгоҳи байналамилалии “Меҳробод”-и Теҳрон ба замин нишаст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Фарҳоди Парвариш, мудири кулли ширкати “Эрон эйр” гуфтааст, “Эйрбас-321”, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Фаронса ба ширкати ҳавопаймоии “Ҳумо”-и Эрон шуда буд, имрӯз, панҷшанбе, вориди фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон шуд, то ба шабакаи хадамоти ҳавоии Эрон бипайвандад. Мудири кулли ширкати “Эрон эйр” бо баёни ин ки ин ҳавопаймо 195-нафара аст ва дар сафарҳои дохилӣ ба кор гирифта мешавад, таъкид кард, то поёни имсол чанд ҳавопаймоии дигари “Эйрбас” низ ба шабакаи хадамоти ҳавоии Эрон мепайвандад. Фобиус Бержиер,  мудири кулли ширкати ҳавопаймоии “Эйрбас”, ки бо нахустин “Эйрбас”-и харидоришудаи Эрон ба Теҳрон омадааст, низ эълом кард, бо додани ин ҳавопаймо ҳамкориҳои “Эрон эйр” ва “Эйрбас” расман оғоз шуд.

Ширкатҳои ҳавоии Эрон бо иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аз январи соли 2016 музокироти мустақимро бо ширкатҳои созандаи ҳавопаймо оғоз карданд ва охирҳои соли гузашта, пас аз сафари раисҷумҳури Эрон ба Фаронса пешқарордоди хариди беш аз сад ҳавопаймо байни ширкати “Эйрбас”-у ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Париж имзо шуд. Ширкати ҳавопаймоии Эрон бо ширкати “Боинг” низ барои харидани 80 ҳавопаймо қарордод имзо кардааст.