Сентябр 11, 2024 14:03 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Ба муносибати солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ; нақши Эрон дар таҳаққуқи сулҳи Тоҷикистон
    Тафсир : Ба муносибати солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ; нақши Эрон дар таҳаққуқи сулҳи Тоҷикистон

Эрон аввалин кишвари хориҷие буд, ки бо талош ва идаи сулҳ , истиқлоли Тоҷикистонро дар остонаи суқӯти Шуравӣ ба расмият шинохт ва сафорати худро дар якуми декабри соли 1991 дар ин кишвар ифтитоҳ кард .

Вуруди Эрон ба унвони аввалин кишвар дар Тоҷикистон , қудратҳои бузурги ҷаҳонро шадидан дар он мақтаи озурда сохта буд ..

Гуфтанӣ аст ки императории Русия ва Британия дар ибтидои қарни 19 рақобати худро бо ном « бозии бузург » дар Осиёи марказӣ ва Қафқоз шурӯъ карда буданд .

Британия дар Ҳинд забони форсиро ки дар тӯли 700 сол забони расмии ин кишвар маҳсӯб мешуд , аз сикли идории давлатӣ хориҷ кард ва ба ҷои он забони англисиро ба унвони забони расмии ин кишвар эълом кард .

Дар Осиёи марказӣ ва Қафқоз императории Русия низ забони форсиро саркӯб ва забони русиро ҷойгузин кард .Замоне, ки иттиҳодияи  Шуравӣ суқут кард ва Эрон ба унвони аввалин кишвар дар Тоҷикистон сафорати худро ифтитоҳ кард кишварҳои абарқудрат нигарон ва алайҳи ин кишвар мавзе гирифтанд . Ба дунболи сафари « Вилоятӣ » вазири хориҷаи вақти Эрон  вазири хориҷаи Амрико низ ба Душанбе сафар кард. Русия ва кишварҳои муттаҳиди он муддаӣ буданд ки Теҳрон мухолифинӣ тоҷикро дар муқобили давлати « Раҳмон Набиев » раиси ҷумҳӯри вақти Тоҷикистон таҳрик мекунанд.

Ба навиштаи ҳафтаиномаи « Самак » , дар он замон сафири Русия ба « Алиакбар Муҷтаҳиди Шабистарӣ » сафир Эрон гуфт ки шумо набояд ба фикри тақвияти мавқеъияти худ дар Тоҷикистон бошед зеро ин кишвар даҳҳо сои таҳти нуфӯзи Кремлин бӯдааст , аммо Шабистарӣ дар ҷавоби ин мавзеи сафири Русия изҳор дошт ки Эрон қабл аз Русия ва аз 2500 сол пеш дар ин кишвар ҳузур доштааст .

Шабистарӣ дар идомаи гуфтугӯ бо сафири Русия унвон кард : Ҳузури 2500 соли Эрон дар Тоҷикистонро метавон аз ҳар шаҳрванди тоҷик суол кард ва аз онҳо пурсад чӣ китобиро мехонанд , Тоҷикони Ҳофиз , Шоҳнома ва ашъори шоири машҳури эронӣ Рӯдакиро замзама мекунанд .

Ба навишта « Самак » , ҳафтаномаи чопи Душанбе ; кишвари Эрон бо ин ҳама иттиҳомоту ҷангҳои иттилоотӣ ки алайҳи он роҳ андозӣ шуда буданд , талоши худро барои барқарории сулҳи тоҷикон оғоз кард . Маскавро низ Теҳрони водор ба аз сар гирифтани сулҳи тоҷикон кард .

Гуфтанӣ аст ки дар Эрон 2 мулоқот дар сатҳи оли миёни « Эмомалӣ Раҳмон » раҳбари давлати Тоҷикистон ва « Сайид Абдиуллоҳи Нурӣ » раҳбари мухолифинӣ тоҷик баргузор шуд . Ба ҷузи ин , мулоқотҳои муҳими дигарӣ низ дар Теҳрон сӯрат гирифт ки натоиҷи хубе ба бор дод ва бузургтарин он шаҳди сулҳе аст ки имрӯз тоҷикон аз он баҳра мебаранд .