Ахбори Русия| Путин: Аврупоиҳо аз вазъияти воқеии ҷабҳаи Украина беитилоъ ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123070-Ахбори_Русия_Путин_Аврупоиҳо_аз_вазъияти_воқеии_ҷабҳаи_Украина_беитилоъ_ҳастанд
Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Русия гуфт, аврупоиҳо аз вазъияти воқеии ҷабҳаи Украина беитилоъ ҳастанд.
(last modified 2025-11-24T10:55:43+00:00 )
Ноябр 24, 2025 15:54 Asia/Dushanbe
  •  Путин: Аврупоиҳо аз вазъияти воқеии ҷабҳаи Украина беитилоъ ҳастанд
    Путин: Аврупоиҳо аз вазъияти воқеии ҷабҳаи Украина беитилоъ ҳастанд

Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Русия гуфт, аврупоиҳо аз вазъияти воқеии ҷабҳаи Украина беитилоъ ҳастанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ишора ба инки шаҳри Купянск дар минтақаи Хорков дар авоили ноябр тақрибан ба таври комил ба тасарруфи артиши Русия даромада буд, гуфт: Аврупоиҳо аз вазъияти воқеии ҷабҳаи набард иттилое надоранд ва ба ҳамин далел руъёи таҳмили шикасти роҳбурдӣ бар Русияро дар сар мепарваронанд.

Путин бори дигар ёдовар шуд, ки Украина иттилооти воқеӣ дар бораи вазъияти майдони набард дар ихтиёр надорад ва ба ҳамин далел Киев ҳамчунон дар фикри идомаи даргирии низомӣ аст.

 

Сарнагунии 93 паҳподи украинӣ аз тарафи Русия

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, сомонаҳои падофанди ҳавоии ин кишвар аз шаби гузашта (якшанбешаб) то кунун 93 паҳподи украиниро дар манотиқи мухталифи ин кишвар раҳгирӣ ва нобуд кардаанд.

 

Ба даст гирифтани контроли се минтақаи дигар дар шарқи Украина аз тарафи Русия

Дар ҳамин росто Вазорати дифои Русия эълом кард, ки неруҳои мусаллаҳи ин кишвар манотиқи Тихая ва Отрадное дар устони Днепропетровск ва ҳамчунин минтақаи Петровская дар Донетскро таҳти контроли худ даровардаанд. Дар шабонарӯзи гузашта беш аз ҳазор неруи украинӣ кушта шудаанд.

 

Радди эҳтимоли нишасти сеҷонибаи Русия, Чин ва Амрико

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар бораи эҳтимоли нишасти сеҷониба бо Чину Амрико дар заминаи суботи ҳастаӣ гуфт, ки Маскав қасд надорад Пекинро ба ин мавзуъ водор кунад ва ҳеҷ пешниҳоди расмӣ аз сӯи Амрико дар ин бора дарёфт накардааст.

Равобити Маскав ва Вашингтон аз замони шурӯи ҷанги Украина ба тирагӣ гароид. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико талош мекунад то бо додани имтиёзҳое дар ҷабҳаи Украина, равобит бо Кремлро беҳбуд бахшад.